Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи Амриддин Аловатшоев дар Боздоштгоҳи Душанбе. "Хешовандонро роҳ надоданд"


Амриддин Аловатшоев
Амриддин Аловатшоев

Мурофиаи додгоҳии Амриддин Аловатшоев, як чеҳраи шинохта дар миёни ҷавонони Бадахшон, рӯзи 29-уми апрел дар Боздоштгоҳи Душанбе оғоз шуд, вале ба иттилои манобеи огоҳ, наздиконашро ба дохил роҳ надодаанд. Мақомот дар ин бора чизе намегӯянд.

Амриддин Аловатшоев моҳи январи имсол дар Русия нопадид ва дар шароити мармуз ба Тоҷикистон оварда шуд.

Як манбаи огоҳ аз парванда ба Радиои Озодӣ гуфт, мурофиа соати 14 дар бинои Боздоштгоҳи муваққатии рақами 1-и пойтахт сар шуд.

Ба қавли ӯ, парвандаро додрасе аз Додгоҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баррасӣ мекунад. "Вакилони дифоъро дер хабардор карданд. Хешу табораш ба назди Боздоштгоҳ рафтанд, аммо онҳоро ба дохил роҳ надоданд," -- афзуд мусоҳиби мо.

Аловатшоев, яке аз чеҳраҳои шинохта дар миёни зодагони ВМКБ дар Русия, рӯзи 11-уми январи имсол нопадид шуд. Мақомоти тоҷик танҳо рӯзи 2-юми феврал боздошти ӯро дар Душанбе тасдиқ карданд.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ гуфт, Аловатшоев ба Тоҷикистон истирдод шуд. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ эълон кард, ки Аловатшоев бо хоҳиши худ баргашт.

Мақомот алайҳи Амриддин Аловатшоев бо чанд иттиҳом, аз ҷумла гаравгонгирӣ, аз озодӣ маҳрум кардан ва ғайра муттаҳам мекунанд. Тарафдоронаш ба бегуноҳии ӯ таъкид мекунанд.

Худи Амриддин Аловатшоев дар чанд наворе, ки маълум нест таҳти чӣ шароит сабт шудааст, гуфт, сиҳату саломат аст ва касе ӯро “назадааст”. Ҳомиёну ҳуқуқ ва ҷонибдоронаш ба “табиӣ” будани изҳорот шубҳа доранд.

XS
SM
MD
LG