Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наздикони "гумшуда"-и Нуриро дар боздоштгоҳи Бохтар "ёфтаанд"


Муҳибулло Нуриддинов ва Нурулло Саидов
Муҳибулло Нуриддинов ва Нурулло Саидов

Мақомот дар вилояти Хатлон пас аз тақрибан як моҳ гуфтаанд, ки ду хешованди дастгиршудаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари пешини Иттиҳоди нерӯҳои мухолифинро дар куҷо нигоҳ медоранд.

Нурулло Саидов ва Муҳибулло Нуриддинов моҳи марти имсол дастгир шуда, ба қавли наздиконашон, то 22-юми апрел дар бораи онҳо ҳеч иттилое набуд.

Салоҳиддин Саидов, писари Нурулло Саидови 64-сола, рӯзи 23-юми апрел гуфт, як рӯз пеш ба онҳо хабар додаанд, ки падару амакаш дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Бохтар ҳастанд.

“Худашон тамос гирифтанд. Дирӯз модарам ба дидани онҳо рафт. Хӯрок бурд. Гуфтанд, сиҳату саломат ҳастанд, вале дақиқ нест, чаро қариб як моҳ маҳалли нигоҳдорашонро аз мо пинҳон доштанд,” – афзуд ӯ.

Қаблан дар боздоштгоҳи муваққатии Бохтар гуфта буданд, ки онҳоро ба Душанбе бурдаанд. Масъулони Боздоштгоҳи Вазорати адлия дар Душанбе рӯзи 21-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, чунин афродро намешиносанд. Як корманди Боздоштгоҳи муваққатии Раёсати корҳои дохилии пойтахт низ айни гапро гуфт.

Маъмурони милиса Муҳибулло Нуриддиновро 10-уми март ва Нурулло Саидовро 15-уми марти имсол дастгир карда, то ҳанӯз ба таври расмӣ нагуфтаанд, ки иттиҳоми зидди онҳо чист. Пайвандонашон мегӯянд, онҳо ба гирифтани "маблағ аз хориҷа" гумонбаранд.

Пеш аз ин, Нусратулло Саидов, раиси хоҷагии деҳқонии "Истиқлол" дар Бохтар ва бародарзодаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ, бо ҳамин гумон боздошт шудааст. Наздиконаш қазияро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.

Додгоҳҳои Тоҷикистон солҳои охир чанд нафарро бо гуноҳи дарёфти кумак аз мухолифони тоҷик дар хориҷа ба зиндон маҳкум кардаанд.

Наздикони мухолифон фиристодани маблағро ба оилаҳояшон рад намекунанд, вале мегӯянд, ин кор ғайриқонунӣ нест ва набояд барои он ҷазо диҳанд. Бонки Миллии Тоҷикистон рӯйхати даҳҳо намояндаи мухолифин, паноҳҷӯён ва ҷангҷӯёни тоҷикро дар хориҷа тартиб додааст, ки ҳар гуна додугирифт бо онҳо мамнуъ аст.

XS
SM
MD
LG