Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвои нав ба зидди Иззат Амон. Як сокини Бохтар 7 ҳазор доллар хост


Иззат Амонро моҳи октябри имсол ба нӯҳ сол зиндон маҳкум карданд
Иззат Амонро моҳи октябри имсол ба нӯҳ сол зиндон маҳкум карданд

Иззат Амон, ҳомии зиндонии муҳоҷиронро ба гирифтани 7 ҳазор доллари дигар муттаҳам кардаанд. Мақомот мегӯянд, даъвои нав аз номи як сокини Бохтар расид, аммо ҳувияташро ошкор намекунанд.

Пайвандонаш гуфтанд, Иззат Амон муомила бо ин сокини Бохтарро тасдиқ карда, вале иддаои ӯро дар мавриди 7 ҳазор доллар бепоя номидааст.

Иззат Амон моҳи марти соли гузашта дар Душанбе дастгир ва баъдан ба нӯҳ сол зиндон маҳкум шуд. Айни замон алайҳи ӯ бо гумони “қаллобӣ ба миқдори махсусан калон” парвандаи нав кушодаанд ва таҳқиқаш идома дорад.

Як мақоми Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бе зикри ном рӯзи 20-уми апрел гуфт, шикояти навро дар доираи ин парванда баррасӣ мекунанд. “Ҳанӯз даъвогар бо Иззат Амон рӯ ба рӯ карда нашудааст,” – афзуд ӯ.

Вакили мудофеи Иззат Амон, Саидбурҳон Шарифов, мегӯяд, шахси зери ҳимояташ даъворо намепазирад: “Ҳоло тафтиш идома дорад, дертар аз ҷузъиёташ хабар медиҳем.”

Пайвандони Иззат Амон мегӯянд, баҳси 7 ҳазор доллар ба 13 сол пеш бармегардад. Замоне ки, ба гуфтаи онҳо, ин сокини Бохтар дар Русия ба хидмати вакили мудофеъ ниёз доштаву Иззат Амон раҳнамоӣ кардааст.

Муҳаммадюсуф Холов, писари Иззат Амон, гуфт, “соли 2009 ба падарам муроҷиат кардааст, ки аз ҳаққи ӯ ҳимоят кунад. Падарам танҳо ӯро бо вакил таъмин намуда, пулро ба адвокат додааст, на ин ки худаш гирифтааст.”

Хонавода аз он нигаронанд, ки даъвоҳо дар бораи додугирифт чаро на як сол ё ду сол пеш, балки ҳоло ва рӯйиҳам садо медиҳанд. Ду моҳ пеш Нурулло Воҳидов, сокини дигари шаҳри Бохтар, алайҳи Иззат Амон шкиоят карда, хоҳони бозпас гирифтани даҳ ҳазор доллар шуда буд.

Наздикони Иззат Амон ин даъворо сохта медонанд. Онҳо мегӯянд, Нурулло Воҳидов моҳи январи имсол, вақте 232 сомонии боқимондаро аз парвандаи пешина ба соҳибаш баргардонданд ва бар асоси он бознигарии ҳукмро хостанд, “пайдо шуд”.

Иззат Амонро, ки аз ҳомиёни ҳуқуқи шинохтаи тоҷик дар Русия ба ҳисоб мерафт, 19-уми октябри соли 2021 бо гуноҳи қаллобӣ ба 9 сол зиндон маҳкум карданд. Наздиконаш норозигӣ карданд, вале Додгоҳи олӣ напазируфт. Ҷонибдоронаш бовар доранд, Иззат Амон барои танқидҳои ошкораш аз ҳукумати Тоҷикистон ба зиндон андохта шудааст.

XS
SM
MD
LG