Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз манъи харидани шароб то асбоби мусиқӣ. "Алиф" ба бонкдории исломӣ мегузарад. ВИДЕО


Бинои Бонки Алиф
Бинои Бонки Алиф

Як эълони Бонки Алиф дар бораи маҳдудияти истифода аз кортҳояш барои пардохти баъзе хадамот, аз ҷумла харидани шаробу асбоби мусиқӣ ва рафтан ба клубҳои шабона, дар Тоҷикистон баҳс барангехт. Иддае онро хилофи низоми дунявӣ донистанд. Масъулони Бонки Алиф мегӯянд, ба зудӣ ба тарзи бонкдории исломӣ гузаштанӣ ҳастанд ва онро қонун манъ намекунад. Бонки Миллӣ ҳанӯз хулоса надодааст.

“Муҳим мафҳуми ахлоқӣ аст, на маркетинг”

Далер Каримов, як масъули Бонки Алиф, рӯзи 19-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, фаъолияти онҳо то ин дам ба бонкдории исломӣ монанд буд, аммо пас аз дарёфти иҷоза мехоҳанд, пурра ба ин низом гузаранд. Вай ибрози умед кард, ки ҳарчи зудтар иҷозаи Бонки Миллиро ба даст хоҳанд овард.

Далер Каримов
Далер Каримов

“Ба тими мо ҷанбаи ахлоқияш дар зинаи аввал меистад, на маркетингу худнамоишдиҳӣ ва ё ҷалби мизоҷони бештар,” – гуфт Каримов.

Бонки Миллӣ пеш аз додани иҷозатнома баъзе аз санадҳоро ба Бонки Алиф фиристодааст, ки дар он шеваи кори онҳо бар асоси талаботи шариати ислом пешбинӣ шудааст. “Дар санад гуфта шудааст, фаъолият бояд ба принсипҳои маблағгузории исломӣ мувофиқ бошад. Яъне, асосан аз чизҳои манъшуда, ба мисли шаробу яроқ ва ҳар чизи дигаре, ки ба ҷомеа зарар меорад, бояд даромад нагирем,” – шарҳ дод масъули бонк.

Мухолифон чӣ мегӯянд, ҷонибдорон чӣ?

Аммо нашри ғайримунтазираи эълони Бонки Алиф дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои гармеро барпо кард. Баъзе аз корбарон тасмими бонкро танқиду маҳкум кардаанд, вале иддае дигар пуштибонӣ намудаанд. Мухолифони тасмим мегӯянд, Тоҷикистон як кишвари демокративу дунявӣ аст ва мардум ҳақ доранд, бо корти бонкии худ нон бихаранд, асбоби ҷомашӯӣ ё шаробу кабоб.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

"Алифбонк" мехоҳад корашро бар асоси шариати исломӣ раҳандозӣ кунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

Мансурҷон Шоҳназаров, сокини ноҳияи Варзоб, мегӯяд, “алҳамдулиллоҳ, мусалмонам, вале бо ин иқдом розӣ нестам. Бачаам ба мусиқӣ шавқ дорад. Мехоҳад, дар оянда оҳангсоз шавад. Асбоби мусиқӣ хариданӣ ҳастам, аммо пули кофӣ надорам. Маълум мешавад, бонк қарз намедиҳад. Пас, чӣ кор кунам?”

Бонки Алиф аз бонкҳои “ҷавон”, аммо сермуштарӣ дар Тоҷикистон аст. Аксар фурӯшгоҳҳову тарабхонаҳо дар Тоҷикистон ба соҳибони корти ин бонк молу маҳсулотро қарз медиҳанд.

Азизи Нақибзод
Азизи Нақибзод

Рӯзноманигор Азиз Нақибзод мегӯяд, вуҷуди бонкҳои исломӣ ба нафъи ҷомеа ҳастанд. “Онҳое, ки ташкили бонки исломиро амалӣ карданд, омӯхтаанд, ки як қисми шаҳрвандони Тоҷикистон намехоҳанд, бо фоиз қарз бигиранд. Фоиз дар шариати ислом ҳаром аст. Аз ин рӯ, бонки исломӣ таъсис доданд, ки бидуни фоиз, аммо бо усули тақсими баробари фоидаву зиён кор кунанд,” – шарҳ дод ӯ.

“Бонки исломӣ ниҳоди хайру садақа нест”

Масъулони Бонки Алиф мегӯянд, аз вокуниши корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳӣ доранд ва талош мекунанд, барои дарки дурусти низоми бонкдории исломӣ корҳои тарғиботиро бештар кунанд.

Эълони Бонки Алиф
Эълони Бонки Алиф

Низоми бонкдории исломӣ бо вижагиҳои худ аз бонки маъмулӣ фарқ дорад. Дар ин низом қабул ва пардохти фоиз ё баҳра бо ҳар роҳе манъ аст. Яъне, бонк вобаста бо дархосту интихоби муштарӣ молу ашёи заруриро харида, бо илова кардани маблағ ба ӯ мефурӯшад. Мизоҷ ҳам давра ба давра ин маблағро ба бонк бармегардонад. Дар бонкдории исломӣ фоида ва зарар байни бонку муштарӣ тақсим мешавад.

Дар Тоҷикистон то ҳол танҳо “Тавҳидбонк” бо истифода аз низоми бонкдории исломӣ кор мекунад. Мавзӯи роҳандозии низоми бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон солҳо боз идома дорад.

Дар пайи баҳсҳо атрофи ташкили бонкдории исломӣ коршиносон борҳо таъкид намудаанд, ки баръакси тасаввури баъзе аз сокинон бонкҳои исломӣ ниҳодҳои хайру садақа ва роҳи осони ба даст овардани қарз набуда, масъулияту уҳдадории муштарӣ дар назди чунин бонкҳо чандон сабук нест.

Қонун “Дар бораи бонкдории исломӣ” соли 2014 қабул шуд.

XS
SM
MD
LG