Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон содироти орду гандумро маҳдуд мекунад


Қазоқистон аз 15-уми апрел содироти орду гандумро маҳдуд мекунад. Дар ин бора Айдарбек Сафаров, муовини вазири кишоварзии Қазоқистон, рӯзи 11-уми апрел хабар дод.

Ба гуфтаи вай, чунин тасмим ба хотири пешгирӣ аз камбуди гандуму орд дар бозори дохилӣ рӯи даст гирифта шудааст.

"Мақомоти дахлдор тасмим гирифтанд, ки содироти орду гандум то 15-уми июни соли 2022 маҳдуд карда шавад. Дар ин муддат аз Қазоқистон танҳо 1 миллион тонна гандум ва 300 ҳазор тонна орд содир карда хоҳад шуд," -- гуфт Сафаров.

Ба навиштаи расонаҳои Узбекистон, ин кишвар наздик ба 90 дарсади гандум ва ордашро аз Қазоқистон ворид мекунад.

Тасмими ахири Қазоқистон, мумкин аст, ба бозори дохилии Узбекистон таъсири манфӣ расонад. Узбекистон нақша дошт, имсол на камтар аз 500 ҳазор тонна гандум бихарад.

Бино ба омори расмӣ, Узбекистон дар соли 2021 аз Қазоқистон ба маблағи 648,3 млн доллар гандум ва ба маблағи 92,9 млн доллар орд харидааст.

XS
SM
MD
LG