Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Макрон ва Ле Пен вориди даври дувуми интихоботи Фаронса мешаванд


Раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон ва намояндаи "Иттиҳоди миллӣ"-и он кишвар Марин Ле Пен вориди даври дувуми интихоботи президентӣ мешаванд. Ин хулосаи назарпурсиест, ки баъди баста шудани дари нуқтаҳои раъйдиҳӣ дар даври аввали интихоботи президентии Фаронса дар рӯзи 10-уми апрел анҷом шудааст.

Дар умум, натиҷаҳои чаҳор назарпурсӣ нашр шуд. Бар асоси онҳо, дар даври аввали интихоботи президентии Фаронса Макрон аз 28 то 29,5 дарсад ва Ле Пен аз 23 то 24,5 дарсади овозҳоро ба даст меоранд.

Дар мақоми севум номзади ҷапгаро Жан-Люк Меланшон бо касби наздики 20 дарсади оро қарор дорад. Ӯ рӯзи якшанбе дар як суханронияш Макронро дастгирӣ накард ва ҳамзамон хост, ҷонибдоронаш ба Ле Пен раъй надиҳанд.

Мақоми чорумро дар интихоботи президентии Фаронса Эрик Земмур соҳиб шудааст. Тавре интизор мерафт, ӯ аз номзадии Ле Пен ҷонибдорӣ кард. Ду номзади боқӣ Валери Пекресс ва Анн Идалго гуфтанд, аз Макрон ҷонибдорӣ мекунанд, то "ифротиён" ба қудрат роҳ наёбанд.

XS
SM
MD
LG