Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зӯҳро: “Медонам, шавҳарам бемасъулиятӣ кард... вале фарзандонам  ҳар рӯз суроғаш мекунанд”. ВИДЕО


Зӯҳро Сайфуллоева, сокини Ҳисор
Зӯҳро Сайфуллоева, сокини Ҳисор

Зуҳро Сайфуллоева, модари 6 фарзанд аз болои ҳукми моҳи марти додгоҳи шаҳри Ҳисор ба Додгоҳи олӣ шикоят карда озод шудани шавҳари чӯпони кирояашро талаб дорад.

Илҳом Файзуллоевро мақомот бар асоси моддаи “тасарруфи пулу моле, ки тариқи кредит дода шудааст”, ба се солу се моҳи зиндон маҳкум карданд. Базудӣ бояд мурофиаи додгоҳии навбатии ин сокини Ҳисор шурӯъ шавад ва умеди ҳамсараш ин аст, ки Додгоҳи олӣ ҳукмашро бозбинӣ мекунад. Илҳом Файзуллоевро дар ҳоле ба ҷавобгарӣ кашидаанд, ки аз ин пеш бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марзи Қирғизистон беш аз се сол дар зиндон буду баъди озодӣ дур аз оила ба сар бурд. Ӯро баробари баргаштанаш ба Ҳисор боздошт карданд. Ҳамсараш, ки аз соли 2016 давоми шаш сол аз сарнавишти ҳамсар бехабар буду чархаи бечораҳолонаи зиндагиро дар як вагони кӯҳнаи оҳанӣ батанҳоӣ мекашид ва бо кӯмаки хонандаҳои Радиои Озодӣ ва хайрхоҳон соҳиби манзиле дар Ҳисор шуд, ҳамакнун талош дорад ӯро аз зиндон дар Тоҷикистон озод кунад.

Парвандаи Файзуллоев

Ба иттилои додгоҳи шаҳри Ҳисор, шаҳрванд Илҳом Файзуллоев бо моддаи 246-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “тасарруфи пулу моле, ки тариқи кредит дода шудааст”, айбдор дониста шуда, дар охирҳои моҳи феврал ба муҳлати се солу як моҳ аз озодӣ маҳрум шуд. Ин манбаъ гуфт, дар ибтидо вай бар асоси шикояти сокинони деҳаи Уртабузи Ҳисор дар дуздидани моли мардум айбдор мешуд, вале соҳибони гӯсфандҳо бо пешниҳоди ариза аз даъвои худ даст кашиданд. Боздошти Файзуллоев бар асоси шикояти як сокини дигари ҳамин деҳа сурат гирифт. Додгоҳ гуфтааст, ки Файзуллоев аз ӯ 2863 сомонӣ қарз гирифта барнагардонидааст.

Рустам Ҳакимов, вакили дифои Илҳом Файзуллоев рӯзи 6-апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, мунтазири мурофиаи Додгоҳи олӣ ҳастанд ва умеди онҳо ин аст, ки додгоҳ ҳукмашро иваз мекунад. Ӯ гуфт: «Дирӯз ба Додгоҳи олӣ рафтам, ҳоло ба баррасӣ нагирифтаанд. Қаблан гуфта буданд, ки баъди иди Наврӯз мурофиа баргузор мешавад».

Қарзи Зӯҳро аз “Эсхата”

Дар ҳоле, ки мавқеи худи Файзуллоев маълум нест, ҳамсараш Зуҳро Сайфуллоева мегӯяд, бисёр мехоҳад, ки ҳамсараш озод шуда ниҳоят ба назди фарзандонаш баргардад. Ӯ, ки зоҳиран дигар шаш соли нопадидшавиҳои бехатту хабари шавҳарашро бахшидааст, самимона мегӯяд, вақте шавҳараш “пайдо шуда омад, бисёр хурсанд” гардид, чун акнун умедвор шуд, ки “фарзандонаш бепадар калон намешаванд”. Ҳоло ӯ барои зиндонӣ шудани шавҳараш нороҳат аст ва иқрор мешавад, ки барои кӯмак ба ҳамсараш аз бонк қарз гирифт.

Зӯҳро Сайфуллоева мегӯяд, дар додгоҳ “шавҳарам қарз гирифтанашро ба гардан гирифт. Ман барои озодии шавҳарам аз бонки “Эсхата” 4 ҳазор сомонӣ гирифтам ва аз ин ҳисоб қарзи даъвогарро пардохт кардам. Ин зан, ки ҳамсоямон аст, ба додгоҳи Ҳисор омаду ариза навишт, ки пулашро пас гирифтааст, вале боз ҳам маҳкамаш карданд. Ман адвокат гирифтам ва ба Додгоҳи олӣ аризаи шикоятӣ бурдем ва интизор ҳастем”, мегӯяд Зуҳро Сайфуллоева.

Сайфуллоева, ки ҳамакнун аз хонаи шахсиаш истода сӯҳбат мекунад, як кам пул аз ҳисоби кор дар ошхонае ба даст меорад, вале маълум нест қарзи бонкро чӣ гуна пардохт хоҳад кард. Ӯ мегӯяд:

”Агар соҳибони гӯсфандҳо шикоят мекарданд, ман мефаҳмидам, вале онҳо аризаҳои худро пас гирифтанд ва гуфтанд, ки барои кӯмаки фарзандонат мардум ду сол пеш дасти ёрӣ дареғ надоштанд ва мо, сокинони деҳа, ҳамчун кӯмаки дигар ба фарзандонат аз даъвоямон даст мекашем. Ман медонам, шавҳарам бемасъулиятӣ кард ва ҳамчун марди хона рафтор накард, вале фарзандонам ҳар рӯз суроғаш мекунанд”.

Зӯҳро Сайфуллоева мегӯяд, вақте шавҳараш ба назди онҳо баргашт, саргузаштҳои талху сангини худро нақл кард. Ба ривояти шавҳар, ӯ шаш сол пеш, вақте бо рамаи гӯсфандони ҳамдедаҳо ба суроғи минтақаҳои сералаф меравад, бо ду нафари дигар ҳамроҳ шуда бо роҳи куҳдоман ба самти Панҷакент, Исфара ва Куҳистони Мастчоҳ мераванд. Ба нақли ӯ, вақте ки дар Исфара дар қитъаи сералаф мегаштааст, сарҳадбонони қирғиз ӯро дастгир намуда, бо ҷурми убури ғайриқонунии марз ҳабс мекунанд ва пас аз се сол озод мешавад. Файзуллоев ба ҳамсараш гуфтааст, ки “аз бими соҳибони гусфандҳо ва дар пайгард қарор доштанаш аз тарафи ШКД Ҳисор қарор кардааст ба хонааш наравад” ва ба суроғи чӯпонҳои собиқ ба Панҷакент рафта, ба мардикорӣ машғул шудааст.

Аз замони боздошту ҳабсаш рамаи гӯсфандҳо ҳам бедарак шуд. Дурустии тамоми нақлҳои шавҳари Зӯҳроро ҳоло санҷидан душвор аст ва худи ӯ ҳам иқрор мешавад, ки дар муддати ин солҳои бехабарӣ “ҳатто занг намезад”. Тавре Зӯҳро фаҳмидааст, Илҳом бо бародаронаш пинҳонӣ иртибот доштаст ва як бародараш ба Панҷакент рафта моҳи сентябри порсол ӯро ба Ҳисор бурд ва боз ҳам, гӯё “аз бими боздошт шуданаш ба назди фарзандонаш нарафт”.

Зӯҳро чӣ гуна соҳиби хона шуд? Нақли Зарангези Наврӯзшоҳ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:19 0:00

“Падар – падар аст”

Зуҳро мегӯяд, барои таъмини фарзандонаш дар ошхона “Шоми Ҳисор” ба дегу табақшуӣ мекунад. Ба гуфтааш, духтаронаш ба сини шавҳар расидаанд ва як писараш маъюб аст. “Падар – падар аст”, мегӯяд ӯ, “мехоҳам падарашон дар наздашон бошад”.

Радиои Озодӣ соли 2016 баъди бо 80 сар бузу гӯсфанд нопадид шудани чӯпони кироякор Илҳом Файзуллоев ва дар як вагони оҳанӣ дар як теппаи дур аз деҳаву мардум зиндагӣ кардани оилаву шаш фарзандашро гузориш кард.

Гузориш аз ҳоли Зуҳро ва шаш фарзанди ӯ шоми 17-уми октябри соли 2018 дар сомонаи Радиои Озодӣ нашр шуд. Субҳи рӯзи дигар телефонҳои Радиои Озодӣ беист занг мезад ва теппаи Уртабуз дар Ҳисор ҳам пур аз одаму мошин шуд. Дар чанд соат мардуми хайрхоҳ 15 ҳазору 500 доллар ҷамъ карда, барои ӯ дар маркази Ҳисор хонаи дуҳуҷраӣ хариданд. Зӯҳро мегӯяд, агар кормандони Радиои Озодӣ ба суроғаш намеомаданд сарнавишти ӯ ва шаш фарзандаш норӯшан буд.

Ҳоло Зуҳро ва фарзандонаш саргардонии наве доранд, ки ин ҳам талоши озод кардани марди хонадон аз зиндон аст, чун, бовар доранд, ки баъди ин метавонанд осудаҳолона зиндагиро идома диҳанд.

XS
SM
MD
LG