Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавсияи Раҳмон дар бораи захираи хӯрока ва назарҳо дар бораи он. ВИДЕО


Имрӯз дар бораи як тавсияи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон суҳбат мекунем, ки дар остонаи Рамазон гуфт, авзоъ дар ҷаҳон бисёр хатарнок шуда, ба вазъи иқтисодӣ, ба қимати маводи хӯрокӣ аз қабили орду равған таъсири бад гузоштааст. Барои ҳамин ӯ ба мардум тавсия дод, захираи дусолаи хӯрока ҷамъ кунанд.

Ӯ гуфт: “Хусусан, соли ҷорӣ барои аҳли башар аз ҳар ҷиҳат ва пеш аз ҳама, аз лиҳози таъминот бо озуқаворӣ соли вазнинтарин ва душвортарин мегардад.Дар робита ба ин, бори дигар таъкид месозам, ки ҳар як оила дар фикри таъминоти хонадони худ, ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва барои ду сол захира намудани маводи зарурии ғизоӣ бошад.”

Як хабар аз ин паёми Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба оғози моҳи Рамазон, яке аз баҳсбарангезтарин хабарҳо дар вебсайти Радиои Озодӣ шуд. Корбарони зиёде гуфтаанд, ки ин тавсияро борҳо мешунаванд, вале роҳи ҳал дигар чиз аст ва он ҳам ислоҳоти иқтисодиву мудирияти дуруст дар ниҳодҳои давлатӣ.

Тавсияи Раҳмон дар бораи захираи хӯрока ва назарҳо дар бораи он
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:33 0:00

Шарҳи корбаре бо номи Ҷаноби Олиро аз вебсайти Радиои Озодӣ мехонем, ки чунин гуфтааст: "Ба ду чиз хотима додан ба манфиати кор аст. Якум ба хариду фурӯши мансабҳо, ё хешутаборчигӣ дар таъйини кадрҳо ва ё маҳалгароӣ. Дуюм ба монополияи иқтисодии авлодӣ. Ин ду чиз метавонад, давлатро аз байн барад. Мо 29 сол дар давлат хизмат мекунем, бисёр чизро медонем."

Дар Фейсбук ҳам чунин шарҳу назар зиёд аст ва гуруҳи зиёде аз корбарон гуфтаанд, ки агар иқтисоди кишвар дуруст мудирият мешуд, чунин мушкилоти болоравии қиматҳо пеш намеомад. Шарҳи яке аз ин корбаронро мехонем, ки худро Абдусаломов Салом муаррифӣ кардааст: "Бо гуфтан кор иҷро намешавад. Кор кардан даркор, наход ордро аз дигар кишвар харем. Заминҳои гандумро мефурӯшанду хона месозанд, гандуми мо намешавад гуфта. Наход як корхонаи орд сохта натавонем."

Яке дигар аз корбарон дар канали Радиои Озодӣ дар Телеграм навиштааст, айби мақомот аст, ки зӯри гуруҳе аз мардум дар Тоҷикистон ба харидани як халта орд ҳам намерасад. Ин корбар ки худро Маҳина номидааст, шарҳеро бо ҳамин мазмун дар канали Телеграми мо гузоштааст, ки ҳамроҳ мебинем:

“Мардумро то кай фиреб мекунед. Мо чаҳор инвалид дорем. Ман зан ҳастам, зӯрам намерасад, дастам ба хӯрондани онҳо намерасад. Як халта орд 330 сомонӣ шудааст, аз куҷо меёбем. Мебароед, ду сухан мегӯед, фикр мекунед, тамом, шиками халқ сер шуд ва халқ шуморо фаҳмид. “

Айни суҳбатҳо дар вебсайти Радиои Озодӣ ҳаст ва корбарон аз он гуфтаанд, ки худи мардум ҳам нодон нест ва медонад, ки бояд дар андешаи ояндаи хеш бошад. Ба қавли ин корбарон, агар ҳаққи мардумро касе нахӯрад, онҳо имкон пайдо мекунанд, ки захирае барои оянда дошта бошанд.

Шарҳи корбаре дар вебсайти мо бо номи Ҷабрдида бо ҳамин мазмун аст:​ "Бе тавсияи муҳтарам президент ҳам, мардум худашон ҳам медонанд, ки бояд ғами ояндаи хӯдашонро хуранд. Агар пул дошта бошанд, барои рӯзи мабодои худашон мемонанд, вале афсӯс, ки худи кормандони давлат бо ҳар баҳона аз онҳо пул меситонанду намемонанд, бечораҳо барои шаш моҳашон ҳам захираи хӯрока дошта бошанд."

Як корбари дигар дар вебсайти мо навиштааст, ки агар мақомот шароитро барои соҳибкорону тиҷорат фароҳам кунанд, вазъ худ ба худ беҳтар ва зиндагии мардум хубтар мешавад. Онҳо имкон пайдо мекунанд, на фақат ғами фардо, балки ғами солҳои ояндаашонро бихуранд.

Шарҳи ин корбар, ки худро Соҳибкор муаррифӣ кардааст, чунин аст: “Албатта гапи президент бемантиқ нест, мехоҳад гуяд, ки ояндаатонро фикр кунед, имрӯз се табақ қурутоб нахуреду, пагоҳ гурусна нагардед. Вале агар ягон мушовири ҷаноб ин шарҳи мани соҳибкорро мехонад, ба ӯ расонад, ки монанд мо кор кунем, бо тамаъҷӯиву пораталабӣ ҷони моро ба лабамон наоранд, мардуму мо захираи се соларо худамон бе тавсияи касе ҷамъ мекунем.”

  • Шумо чӣ назар доред, ва ё захираи дусолаи хӯрока доред. Ба мо нависед ва дар зери ҳамин барнома. Ё дар видео сабт кунеду аз тариқи Вотсапп Вайбер ва ё Телеграм бифристед ва ба ин шумора : +420 607 900 808
XS
SM
MD
LG