Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё дороиҳои духтарони Путин ва Лавровро таҳрим кард


Катерина Тихонова, Владимир Путин ва Марина Воронтсова (аз чап ба рост)
Катерина Тихонова, Владимир Путин ва Марина Воронтсова (аз чап ба рост)

Ба дунболи ИМА, Бритониё ҳам рӯзи 8-уми апрел духтарони президенти Русия Владимир Путин ва вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавровро таҳрим кард. Бритониё гуфт, ки таҳримҳо ба хотири ҳадаф қарор додани шароити зиндагии наздиктарин ҳалқаи президент Путин қабул мешавад. Баъди ҳуҷуми Русия ба Украина, Бритониё, ИМА ва Иттиҳоди Аврупо чандин бастаи таҳримҳоро алайҳи элитаи ҳукмрон ва сарватманди Русия қабул карданд, инчунин бахшҳои асосии иқтисод ва саноати ин кишвар ва дастрасии ин кишвар ба низоми молии байналмилалӣ ҳам маҳдуд шуд.

Бритониё гуфт, ки дар феҳристи таҳримҳо масдудшавии дороиҳои ду духтари Путин - Екатерина Тихонова ва Мария Воронтсова ва ҳам Екатерина Винокурова - духтари Сергей Лавров пешбинӣ мешавад. Ҳафтаи ҷорӣ ин се нафар аз ҷониби ИМА таҳрим шуданд. Лиз Трасс, вазири корҳои хориҷии Бритониё дар изҳороте гуфт: «Бастаи бемисли таҳримҳои мо элитаву оилаҳои онҳо ва ҳам иқтисоди Русияро дар ҳаҷме, ки аз замони суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дида нашудааст, ҳадаф қарор медиҳад». Бритониё инчунин гуфт, ки бино ба таҳлилҳои онҳо, иқтисоди Русияро суқути аз замони пошхӯрии СССР беназир дар пеш аст. Ба ҳисобҳои Бритониё, дар паи таҳримҳои байналмилалӣ 60 дарсади арзи хориҷии Русия масдуд карда шуд.

XS
SM
MD
LG