Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иктишофҳои Бритониё: сарбозони рус шимоли Украинаро тарк карданд


6 апрел, Черниҳов
6 апрел, Черниҳов

Вазорати дифои Бритониё бо истинод ба маълумоти иктишофҳои низомӣ эълом кардааст, ки сарбозони Русия аз шимоли Украина пурра ба Белорус ва кишвари худ ақибнишинӣ кардаанд.

Баъзе аз гуруҳҳои ин сарбозон барои иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ба Донбаас эъзом мешаванд. "Ҳама гуна ивазкунии мавқеъ аз шимол на камтар аз як ҳафтаро дар бармегирад", - омадааст дар иттилоияи Вазорати дифои Бритониё.

Манбаъ афзудааст, ки оташкушоиҳо ба минтақаҳои ҷанубӣ ва шарқии Украина идома дошта, низомиёни рус ба самти ҷануби шаҳри Изюми Украина пеш рафтаанд.

Раиси вилояти Суми Украина Дмитрий Живицкий гуфтааст, минтақаи таҳти раҳбарии ӯ пурра аз сарбозони рус озод шудааст. Вале дар ҳудуди вилоят минтақаҳои зиёди минагузоришуда мавҷуд аст.

Бар асоси омори ахири СММ, аз оғози ҳамлаи мусаллаҳонаи Русия ба Украина, дар онҷо 1611 сокини осоишта, аз ҷумла 131 кудак кушта шудааст. 2227 нафари дигар ҷароҳат бардоштааст. Беш аз 11 миллион украинӣ хонаҳои худро тарк кардаанд.

XS
SM
MD
LG