Ин гузаргоҳе дар марзи Украина бо Лаҳистон аст. Тибқи омори ахири СММ, паноҳандаҳои Украинӣ, ки аксарият занону кӯдаконанд баъди ҳамлаи низомии Русия ба Лаҳистон фирор карданд. Барои убури марз бисёриҳо чанд рӯз дар ин ҷо мунтазир мемонанд.
Мария Вечная, паноҳанда аз Херсон аст. Ӯ мегӯяд: “Мушкил аст, ман намедонам, дигар чӣ бигӯям, бисёр мушкил аст, вале интихоби дигар надорем. Бояд кӯдаконро наҷот диҳем.”
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Ҳомиёни ҳуқуқ ҳанӯз аз оғози таҷовузи Русия дар Украина, паноҳандаҳоро аз хатари гирифторшавӣ ба доми фиреби қочоқчиёни инсон огоҳ мекунанд.
Юлия Анисова, намояндаи созмони Ла Страда аз Украина мегӯяд: “Хатар бешубҳа зиёд шудааст. Бештар аз ҳама заноне, ки бо кӯдакон аз марз мегузаранд, ҳам аз нигоҳи иқтисодӣ ва ҳам аз нигоҳи равонӣ дар ҳолати ниҳоят хатарзо қарор доранд. Одамонро дар чунин ҳолат истифода кардан осон аст”.
Ҳомии ҳуқуқ Юлия Анисова мегӯяд, ки қочоқи инсон маъмулан аз истисмори ҷинсӣ ва шаҳвонӣ иборат аст. Пулиси Лаҳистон аллакай ду ҳолати таҷовуз дар миёни паноҳандаҳоро ба қайд гирифтааст. Барои пешгирӣ аз ин хатарҳо ихтиёриён бо занони паноҳанда кор мебаранд.
Лилиан Булард, корманди ихтиёрии фаронсавӣ аст. Ӯ мегӯяд: “Мо мардеро дидем, ки занону духтарчаҳоро акс мегирифт. Мо зуд пай бурдем, ки дар пушти ин кор қочоқбарони инсон қарор доранд.” Юлия Анисова нақл кард, ки “зане аз минтақаи Киев дар Лвов дар ҷустуҷӯи кор буд. Ӯ як эълони ҷойи корро пайдо карда, бо як шиносаш тамос гирифт. Ба зан кори доя пешниҳод шуд. Ӯ бояд як навраси 15-соларо нигоҳубин мекард. Як бахши кори ӯ пешниҳоди хизматрасонии шаҳвонӣ буд.”
Хавфи истимор шудани паноҳандаҳо дар ҷойи кор ҳам зиёд аст. Ба онҳо аввал ҷойи зисти бепул пешниҳод мешавад, вале дар ниҳоят маълум мешавад, ки чизе ройгон набудааст. Ба таъкиди ҳомиёни ҳуқуқ, чунин амалҳо ғайриқонунӣ ҳастанд. Модалина Мокан, роҳбари Кумитаи proTEST мегӯяд:
“Агар коре пешниҳод шавад, бояд бар ивази он пул пардохт гардад. Ин хеле муҳим аст. Ғайр аз ин, агар имконияте пеш ояд, ки шумо дар ҷое кору зиндагӣ мекунеду ҳамон корфармо аз шумо талаб мекунад, ки дар меҳмонхона ё фермаву ҷойи дигаре кор ва ҳамзамон зиндагӣ кунед, шумо бояд донед, ки ин ҳолат аллакай шубҳанок аст”.
Нисфе аз оворашудагони Украина кӯдаконанд. Бархе бидуни ҳуҷҷат ва бархе танҳо ва бе волидон аз марз мегузаранд. Хатари ба дасти одамони шубҳанок ва бад афтодани чунин кӯдакон зиёд аст. Ааге Ивен, аз созмони кӯдакони гумшуда дар Аврупо аст. Ӯ мегӯяд: «Нопадид шудан, ин натиҷаи вуҷуди мушкил дар сохтори ҳифозатӣ аст. Ҳамин мушкилот ҳам боиси даст ба кор шудани қочобарони инсон мешавад”.
Созмони “Кӯдакони нопадидшуда дар Аврупо” аз паноҳандаҳо хоҳиш мекунад, ки дар бораи кӯдакони гумшуда фавран ба онҳо тариқи телефони боварӣ хабар диҳанд. Онҳо ҳамчунин аз калонсолон даъват мекунанд, ки дар ин маврид бодиққат бошанд ва агар тифлеро дар кӯча танҳову ҳайрон диданд, зуд ба мақомоти маҳаллӣ муроҷиат кунанд.
Барои пешгирӣ аз хатари ба доми фиреби қочоқбарон афтодани занон Андреа Буҷор, нозири байналмиллалӣ дар Руминия чунин машварат медиҳад:
“Шиноснома пурсед, бубинед, ки оё созмонашон мошин дорад. Бубинед, ки онҳо хайма доранд. Ин хеле муҳим аст. Оё онҳо бо номи созмонашон дар марз хайма доранд? Ин ба он маъно аст, ки он созмони амн аст.”
Таҳлилгарон ба паноҳандаҳо машварат медиҳанд, ки санадҳои муҳими худро дар телефонашон акс бигиранд, ҳамроҳ бо гурӯҳ бимонанд ва рақами телефони пулиси кишвареро, ки дар он ҷо қарор доранд бо худ дошта бошанд. Доштани рақамҳои тамос бо ихтиёриён ва гурӯҳҳои кӯмакрасон ва робитаи пайваста бо хешу наздикон ва дӯстон ҳам зарур аст. Машварат дода мешавад, ки паноҳандаҳо афроди ҳарчи бештарро аз макони будубоши худ огоҳ кунанд.