Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тошканд гуфт, таҳримҳои Ғарб нисбати Русия ба Узбекистон таъсир мекунанд


Бинои Бонки миллии Узбекистон.
Бинои Бонки миллии Узбекистон.

Маҳдудиятҳои иқтисодие, ки ба далели ҳамла ба Украина нисбати Русия ҷорӣ шудаанд, сармоягузорӣ ба тарҳҳои Узбекистонро зери суол бурдаанд.

Мамаризо Нурмуродов, раиси Бонки марказии Узбекистон гуфт, таҳримҳои кишварҳои Ғарб нисбати Русия ба иқтисоди Узбекистон таъсири манфӣ мерасонанд.

"Ҳодисаҳои ҷорӣ ба ҷолибияти сармоягузорӣ ба минтақаи мо таъсири манфӣ мерасонанд. Аз ҳамин хотир, мо бояд дар ҷустуҷӯи сармоягузорони нав ба тарҳҳоямон бошед. Ин албатта, амалисозии фаврӣ ва муассири ислоҳоти сохториро талаб мекунад. Аз эҳтимол дур нест, ки бархе аз тарҳҳои сармоявиро ба таъхир хоҳем гузошт", - гуфт Нурмуродов.

Аз ибтидои соли ҷорӣ сӯми Узбекистон дар баробари доллар 6,8 дарсад беқурб шудааст.

XS
SM
MD
LG