Хонаводаи Ҳасан Ёдгоров, сокини шаҳри Турсунзода, ки барои шиканҷаи ӯ се корманди милиса маҳкум ба зиндон шуд, аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон 400 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарар талаб доранд.
Гулчеҳра Холматова, раҳбари гурӯҳи ёрии ҳуқуқии Эътилофи зидди шиканҷа, рӯзи 4-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъи саломатии Ҳасан дар пай шиканҷаи кормандони пешини милиса бад шудааст. Ӯ афзуд, ки аризаи даъвоиро Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе пазируфтааст ва дар назар аст рӯзҳои наздик мурофиаҳои додгоҳӣ баргузор гардад.
Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, то ҳол ҳеҷ маълумоти расмие дар мавриди даъвои ҷуброни зарар нисбат ба Ҳасан Ёдгоров ба ин ниҳод нарасидааст, бино бар ин наметавонад дар ин бора бештар суҳбат кунад. Қаблан маъмурони милиса, ки барои даст доштан дар шиканҷаи Ҳасан муҳокима мешуданд, чунин иттиҳомро беасос медонистанд.
Ҳасан Ёдгоров соли 2017 бо иттиҳоми куштор боздошт шуда, пас аз 8 моҳ, баъди ёфтани қотили асосӣ, ӯро раҳо карданд. Вай борҳо таъкид намудааст, ки зери шиканҷаи сахти кормандони милиса маҷбур шуд, ҷиноятро ба гардан гирад. Се маъмурӣ милиса, ки ба иттиҳоми шиканҷаи Ёдгоров зиндонӣ шудаанд, ҳангоми мурофиаҳои додгоҳӣ даст доштани худро дар шиканҷаву азияти ӯ рад мекарданд. Муфаттишон гуфтаанд, осори шиканҷа дар бадани ин сокини 38-солаи шаҳри Турсунзода дида мешавад.
Шарофат Назриқуллова, модари Ҳасан Ёдгоров мегӯяд, осори шиканҷа то ҳанӯз дар бадани писараш намудор аст. "Зонуяшро бояд ҷарроҳӣ кунанд, аз шиканҷа дар пойи росташ бемории "кастеартроз", яъне дарди устухонҳо пайдо шуда, оҳани пойи чапаш низ аз ҷояш беҷо шудааст, ки бояд ҷарроҳӣ гузаронад. Баъди аз маҳбас баромадан зуд-зуд нафасаш мегирад, дар сараш задаанд, баданаш варам кардагӣ буд, писарам ба табобат ниёз дорад",--афзуд, ӯ.
Муфаттишони мақомоти додситонӣ шиканҷа нисбат ба ин сокини 38-солаи шаҳри Турсунзодаро тасдиқ намудаанд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон соли гузашта се афсари милисаро барои шиканҷаи Ҳасан Ёдгоров аз 10 то 13 сол маҳкум ба зиндон кард. Бар асоси ҳукми додгоҳ, кормандони собиқи милиса, Эраҷ Наимов 10 сол, Саъдӣ Давлатзода 12 сол ва Шералӣ Азизов ба 13 соли зиндон маҳкум шудаанд. Қаблан наздиконашон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ онҳоро бегуноҳ дониста буданд.
Ин се корманди ВКД дар шаҳри Турсунзода, ба гуфтаи додгоҳ, "аз ҳади ваколатҳои мансабӣ" баромада бо роҳи сохтакорӣ ва шиканҷа соли 2017 Ҳасан Ёдгоровро маҷбур кардаанд, ки қатли Дмитрий Каримов, як пешхидматро эътироф кунад. Дар наворе, ки телевизиони Тоҷикистон моҳи декабри соли 2017 пахш кард, Ёдгоров нақл кард, ки чӣ гуна бо истифода аз корд “ба тарафи чапу рост ва қафаси синаи Дмитрий Каримов зарба зада, ӯро кушт". Пас аз ҳашт моҳи боздошт қотили аслӣ пайдо шуд ва Ёдгоровро раҳо карданд.
Дар Тоҷикистон шиканҷаи гумонбарон ва ба даст овардани эътирофи маҷбурии муттаҳамон ба як масъалаи доғ табдил шудааст. Мақомот мегӯянд, дар пайи танқидҳои зиёд ҷазоро барои бадрафторӣ ва шиканҷа сахттар карданд. Бино ба қонун, шахсе, ки даст ба шиканҷа мезанад, то 15 сол аз озодӣ маҳрум хоҳад шуд. Баъзе аз ҳуқуқдонҳо мегӯянд, сахттар кардани ҷазо то як андоза маъмурони интизомиро, ба истилоҳ, ба худ меорад, аммо мушкилро пурра ҳал намекунад.