Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сомон Маҳмадбеков ҳам мағлуб шуд


Сомон Маҳмадбеков. Акс аз бойгонӣ
Сомон Маҳмадбеков. Акс аз бойгонӣ

Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо, "Antalya Grand Slam 2022", ки дар Анталияи Туркия ҷараён дорад, ноумед шуд. Сомон дар рӯзи дуюми мусобиқа - 2-юми апрел - ба сабқат дар вазни то 73 кило аз даври дуюм шуруъ кард ва аз рақибаш Даниэл Каргнин, варзишгари Бразилия, бо гирифтани се «шидо» (огоҳӣ) шикаст хӯрд.

Дар рӯзи аввали мусобиқа – 1-уми апрел - се паҳлавони тоҷик - Меҳрзод Суфиев (-60 кг), Шаҳбоз Саидаброров ва Абубакр Шеров (ҳарду дар вазни -66 кг) – ноком шуданд.

Шеров, ки дар даври аввал бар Грегг Варей аз Бритониёи Кабир ғолиб омад, дар даври баъдӣ варзишгари Испания Адриан Нието Чинарро мағлуб кард. Вале паҳлавони тоҷик дар даври сеюм аз рақиби пуртаҷрибааш Орхан Сафаров аз Озарбойҷон мағлуб гашт.

Саидаброров, ки бар асоси қуръакашӣ ба рақобат аз даври дуюм пардохт, аз Эрик Такабатакеи бразилӣ шикаст хӯрд. Суфиев бошад, дар даври муқаддамотӣ аз Франсиско Менезии португолӣ мағлуб шуд.

Тоҷикистонро дар сабқати мардон ба ҷуз аз чаҳор варзишгари зикршуда, инчунин, Комроншоҳи Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов (ҳарду дар вазни то 90 кг), Абубакри Акобир (-100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) намояндагӣ хоҳанд кард. Ҳарчор дар рӯзи охирини мусобиқа – 3-юми апрел – ба рақобат мепардозанд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи "Antalya Grand Slam 2022" беш аз 500 варзишгар (мардон ва занон) аз 63 кишвар иштирок доранд.

Рӯзи аввали мусобиқа – 1-уми апрел – қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон ва -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон баргузор шуд. Рӯзи дуюми мусобиқа – 2-юми апрел - гуштигирони вазнҳои -73 кг, -81 кг миёни мардон ва -63 кг, -70 кг миёни занон рақобат карданд. Мусобиқа 3-юми апрел бо қувваозмоиҳо дар вазнҳои сангин -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон ва -78 кг, +78 кг миёни занон ба поён мерасад.

Ба варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медалу имтиёзҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дуюм 3000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларӣ супурда хоҳад шуд.

Зимнан, "Antalya Grand Slam 2022" барои варзишгарони тоҷик панҷумин мусобиқаи байналмилалии ҷудо дар соли равон мебошад. Қаблан дар «Grand Prix Portugal 2022» ва «Paris Grand Slam 2022» ягона варзишгари тоҷик - Комроншоҳи Устопириён – ширкат карда, дар шаҳри Алмадаи Португалия дар вазни то 90 кило медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

Баъдан Темур Раҳимов дар мусобиқаи “Tel Aviv Grand Slam 2022”, ки моҳи феврал дар шаҳри Тел-Авиви Исроил баргузор шуд, дар вазни беш аз 100 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Сипас дар мусобиқаи бози ҷудо "Tunis African Open 2022", ки рӯзҳои 12-13-уми март дар Тунис баргузор шуд, Муҳаммадраҳим Сарахонов дар вазни то 73 кило ҷойи ҳафтумро гирифт.

3-юми апрел – дар рӯзи охири мусобиқа Ҷаҳонгир Маҷидов, Комроншоҳ Устопириён (ҳарду дар вазни -90кг), Абубакри Акобир (-100кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) вориди майдони рақобат мешаванд.

XS
SM
MD
LG