Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар камтар аз як сол 322 омӯзгори Шаҳринав аз кор рафтаанд


Як мақоми ҳукумати Шаҳринав гуфтааст, ки дар муддати камтар аз як сол дар ин ноҳия садҳо омӯзгор мактабу шогирдонашонро тарк кардаанд ва бисёре аз онҳо барои кор ба Русия рафтаанд.

Нашрияи “Садои мардум” минбари расмии порлумони Тоҷикистон бо такя ба суҳбати Шаҳло Юлдошева, як намояндаи шуъбаи маорифи ҳукумати ноҳияи Шаҳринав навиштааст:"Аз моҳҳои апрел ва майи соли 2021 то аввали моҳи феврали соли 2022, дар маҷмӯъ, 322 омӯзгор бо сабабҳои гуногун тарки кор карданд. Аз рӯи таҳлилҳо 214 омӯзгор ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд."

Хабарнигори “Садои мардум” аз қавли мақомоти ноҳия навиштааст, ки бисёре аз омӯзгорон бо ҳадафи соҳиб шудани шаҳрвандии Русия ба он кишвар кӯч мебанданд. Дар хабар омадааст: “Ҳатто омӯзгорони ҷавоне, ки баъди хатми донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат бо роҳхати Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба кор қабул мешаванд, баъди як-ду моҳи фаъолият, ба муҳоҷират мераванд.”

Сабаби тарки пеша кардани омӯзгоронро музди кам медонанд, ки моҳе аз 700 то 1000 сомониро ташкил медиҳад, ки камтар аз 100 доллари амрикоист ва музди каме дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аввали ҳамин сол Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, вазири маорифро, пас аз як баёнияи баҳсбарангезаш, ки гуфт “аз рафтани омӯзгорон фоҷиа насозед” аз мақомаш сабукдӯш кард, ҳарчанд сабаби барканориро дигар чиз гуфтанд. Тоҷикистон, ки аҳолиаш босуръат меафзояд ва солона лашкари азими хонандагон ба мактабҳо мераванд, дар таъмини онҳо бо муаллим ва мактабу китоб мушкилӣ мекашад.

XS
SM
MD
LG