Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикон дар Наврӯзи Фарғона "Ё вайло" хонданд. ВИДЕО


Тоҷикон дар Наврӯзи Фарғона "Ё вайло"-ро хонданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:55 0:00

Тоҷикон дар Наврӯзи Фарғона "Ё вайло"-ро хонданд

Дар шаҳри Фарғонаи Узбекистон тоҷикони муқимӣ Наврӯзро бо шеваи хос таҷлил карданд.

Рӯзи 21-уми март, дар боғи Кохи санъат ва театри ба номи Ислом Каримови шаҳри Фарғона дар радифи 14 растаи наврӯзии шаҳру навоҳии вилояти Фарғона, се гӯшаи наврӯзии тоҷикон ҳам боз шуд.

“Наврӯз аз сиёсатбозиҳо берун шуд”

Дар ин минтақа, ки тоҷикон баъди узбекзабонҳо кисми бештари аҳолиро ташкил мекунанд, аз ноҳияҳои Сух, Риштон, Ёзёвон, Қуввасой ва шаҳри Фарғона ба ин маърака омада, таронаҳои наврӯзии тоҷикона хонданду ҳунари худро намоиш доданд.

Масъуд Мирзо, раҳбари Ҷамъияти тоҷикони Фарғона гуфт, Наврӯзи имсол аз солҳои пеш комилан фарқ дошт. “Наврӯзи имсола дар вилояти Фарғона, аз ҷумла дар саросари Узбекистон ба як сайри оммавӣ табдил дода шуд. Наврӯзро аз сиёсатбозиҳо, аз расмиятҳо берун оварданд, то ки мардум тавонанд, бароҳат бошанд ва ид аз они мардум аст. Солҳои қаблӣ ҳам наврӯзро ҷашн мегирифтем, аммо дар як толор ва дар як майдони ихтисосдодашуда, ки ба онҷо даромадани дигар одамон манъ карда мешуд. Шукри Худованд, ки бо сиёсати мардумпарваронаи президенти Узбекистон ҳамин чизҳо барҳам хурд”,--гуфт ӯ.

“Ё вайло”, суруде ҷудоӣ аз ёру диёр

Дастаи ҳунармандону овозхонҳо аз ноҳияи Сух, дар ин маърака бештар суруди анъанавии “Ё вайло”-ро замзама мекарданд, ки дарди ҷудоӣ аз хешу диёр ва шиква аз ёрро ифода мекунад. Ноҳияи Сух ягона ҷазирақаламрави Узбекистон аст, ки тақрибан сад дарсади аҳолиашро тоҷикон дар иҳотаи Қирғизистон ташкил медиҳанд.

Як ҳунарманд аз ноҳияи Сух гуфт: “Ё вайло, ин сурудест, ки аз даҳон ба даҳон дар халқи мо боқӣ мондааст. Аз ҳазорсолаҳо то ба мо омада расидааст ва мо аз нав ба по хезонда истодаем. Мо дар водии Фарғона ансамбл ташкил карда ва ҳамин навъи мусиқиро хонда мегардем.”​

Намоиши кулолгар

Намоиши ҳунари сулолаи кулолгарон аз Риштони водии Фарғона ҳам диққатро ба худ ҷалб мекард. Шокирҷон Аҳмадҷонов, ҳоло бо бештар аз 3 ҳазор ҳамкасбаш ин ҳунари қадимаи аҷдодашро давом медиҳад ва зиёда аз 200 навъи гулкориро рӯи сафолҳо наққошӣ менамояд.

“Мо аз Риштон маҳсули кори кулолгарӣ ва сафолгариҳоямонро ба шаҳри Фарғона оварда ба намоиш гузоштем. Тамоми меҳмонҳо аз Покистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ба ин маърака омада ҳунари дастии моро дида хеле хушҳол шуданд”,-гуфт Шокирҷон Аҳмадҷонов, кулолгар аз ноҳияи Риштон.

Дар вилояти Фарғона тақрибан 300 ҳазор нафар расман тоҷик сабт шудаанд, вале сокинони он мегӯянд, дар асл ин шумора ба маротиб бештар аст. Дар ин минтақа даҳҳо мактабу донишгоҳ ба забони тоҷикӣ фаъоланд ва мақомоти маҳаллӣ бо таъсиси созмоне, ҷамъияти тоҷиконро муттаҳид кардааст. Сокинонаш мегӯянд, ҳоло онҳо дар руҳияи ҳамҷавориву дӯстӣ дар ин ҳамсоякишвари Тоҷикистон умр ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG