Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон гуфт, марзбонони тоҷик як сарбозашро задаанд. Душанбе шарҳ надод


Хадамоти марзбонии Қирғизистон рӯзи 22-юми март иддао кард, ки сарҳадбонҳои Тоҷикистон як марзбонашро задаанд. Ҷониби Тоҷикистон ба ин хабар то ҳол вокуниш накардааст.

Ба иттилои мақомоти Қирғизистон, ҳодиса 19-уми март дар мавзеи Садаи ноҳияи Лайлаки он кишвар рух додааст.

Марзбонони Қирғизистон гуфтаанд, сарбози қирғизистонӣ мошинеро дар наздикии хатти марз дида, талоши боз доштани онро карда, ба ин тартиб, вориди мавзее шудааст, ки марзбонони Тоҷикистон адои хидмат мекарданд.

"Марзбонони Тоҷикистон марзбони қирғизистониро боздошт кардаанд. Намояндагони марзбонии ду кишвар фавран вориди гуфтугӯ шуда, дар натиҷа сарбози қирғизистонӣ ба ҷониби Қирғизистон баргардонида шудааст. Ҳангоми ташхис маълум шуд, ки сари сарбоз кафида, либосаш хунолуд аст", - хабар медиҳанд мақомоти марзбонии Қирғизистон.

Сарбози қирғизистонӣ нақл кардааст, ки миёни вай ва сарбозони тоҷикистонӣ занозанӣ рух додааст. Бо сабаби маълум набудани назари ҷониби дигар гуфтан мушкил аст, ки рӯзи 19-уми март миёни марзбонони тоҷику қирғиз чӣ гузашт.

Аз 970 километр сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон нисфе аз он таъйину нишонагузорӣ нашудааст ва номуайянӣ ҳар чанд вақт сабаби баҳсу муноқишаи мусаллаҳона байни ду ҳамсоя мешавад. Низои хунбортарин миёни ду ҳамсоя охири моҳи апрели соли 2021 рух дод ва дар давоми се рӯзи низоъҳо даҳҳо нафар аз ҳарду тараф куштаву захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG