Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як зодаи Қирғизистон дар ҷангҳои Украина кушта шуд


Сафорати Русия дар Қирғизистон дар Телеграм навишт, ки дар ҷанг дар Украина як зодаи Қирғизистон фавтидааст.

"Ҳангоми иҷрои вазифаҳои ҳарбӣ дар ҷараёни амалиёти низомӣ дар Украина шаҳрванди Русия, зодаи Қирғизистон, сарбози қарордодии неруҳои низомии Русия Дорбоев Эгембердӣ Бекказимович фавтид", - омадааст дар хабари сафорат.

Сафорати Русия ба наздикони Дорбоев изҳори ҳамдардӣ кардааст. Расонаҳои Русия навиштанд, ки Дорбоев 8-уми март фавтидааст.

Бино ба хабарҳои нашршуда, ин зодаи Қирғизистон 22-юми феврал ба наздиконаш тамос гирифта, 8-уми март ба модараш хабар доданд, ки писараш фавтида ва ҷасади ӯро ба пойгоҳи низомии Русия дар Канти Қирғизистон интиқол хоҳанд дод.

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ҷасади Дорбоев то кунун ба Қирғизистон интиқол наёфтааст.

Ба иттилои мухталиф, наздики 1 миллион шаҳрванди Қирғизистон дар Русия муҳоҷири меҳнатӣ ҳастанд. Бино ба иттилои тасдиқношуда, наздики 400-500 ҳазор қирғизистонӣ шаҳрвандии Русияро гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG