Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар фурудгоҳ хобем." Сафари тоҷикон ба (аз) Русия мушкил шуд. ВИДЕО, АКС


Мусофирони мунтазир дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе
Мусофирони мунтазир дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе

Ба таъхир афтодани парвози ҳавопаймоҳои "Уралские авиалинии" (Ural Airlines) аз Русия ба Тоҷикистон ё баръакс, садҳо нафарро дар фурудгоҳҳои Душанбеву Маскав ва шаҳрҳои дигар сарсон кардааст. Масъулони ширкат сабабро ба таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия рабт доданд. Қатъи парвози ҳавопаймоҳои "Сибир" ва "Уралские авиалинии" дар ду ҳафтаи охир ташвиши муҳоҷиронро бештар кардааст.

"Ё ба Русия баранд, ё пули билетро баргардонанд"

Ҷамшед Нозимов, сокини ноҳияи Ҷайҳун, бояд рӯзи 19-уми март ба Маскав мерафт, аммо се рӯз боз дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе мондааст. Ҳавопаймое, ки ӯ ва ҳамроҳонашро аз пойтахти Тоҷикистон ба Маскав бибарад, ҳанӯз аз Русия наомадааст. Маълум нест, кай меояд.

"Се рӯз шуд, ки дар фурудгоҳ хобидаем. Имрӯз гуфтанд, ки соати панҷи бегоҳӣ парвоз мекунед, вале дақиқ нест. Агар шуданӣ ҳаст, моро ба Русия баранд, вагарна пули билетро баргардонанд," -- афзуд мусоҳиби мо.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи 22-юми март анбуҳи зиёди одамонро дар дохили Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе диданд, ки мунтазири парвоз ба Русия ҳастанд. Дар миёнашон занону кӯдакон ҳам буданд, ки рӯйи курсиҳои фурудгоҳ ва бағоҷҳо хобидаанд.

Намояндаи ширкат: дигар таъхир намешавад

Нуқтаи ширкати "Уралские авиалинии" дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ҳам серодам буд. Гуруҳе дар рӯйхати мусофирон, ки бояд ба Русия бираванд, номи худро меҷустанд. Роҳбари намояндагии ширкати "Уралские авиалинии" дар Тоҷикистон сабаби пеш омадани вазъро ба таҳримҳои ҷоришуда алайҳи Русия пайванд дод.

Умедҷон Лолаев, намояндаи ширкати "Уралские авиалинии" дар Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси таҳримҳо ҳавопаймоҳое, ки дар ҳудуди Аврупо сабт шуда буданд, аз парвоз мондаанд. "Аз имрӯз ҳавопаймоҳои моро дар Русия аз нав сабтином мекунанд, дигар таъхир намешавад," -- гуфт Лолаев.

Пас аз ҳамлаи бесабаби Русия ба Украина, кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав таҳримҳои сахт ҷорӣ карданд. Маҳз ба далели ин таҳримҳо пештар парвози ҳавопаймоҳои ширкати "Сибир" ба Тоҷикистон бас шуда буд.

Фурудгоҳи Душанбе
Фурудгоҳи Душанбе

Кадом парвозҳоро ба таъхир гузоштанд?

Бино бар маълумоти онлайн-таблои Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе, аз шаш парвози ширкати "Урал", ки бояд 21-уми март анҷом мешуданд, танҳо як парвоз аз Маскав ба пойтахти Тоҷикистон сурат гирифтааст. Панҷ парвози дигар аз Екатеринбург, Челябинск ва се парвоз аз фурудгоҳи "Жуковский"-и Маскав анҷом нашуданд.

Субҳи 22-юми март бояд ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии" аз Уфа, Самара, Екатеринбург ва Маскав ба Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе мерасиданд, вале то ин дам ҳеч яке аз онҳо ба Душанбе наомадааст.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Ural Airlines чанд парвозро ба Тоҷикистонро қатъ кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:56 0:00

Дар сомонаи расмии ширкати "Урал" навиштаанд, ки парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат барои 22-юми март аз шаҳрҳои Ростови лаби Дон, Екатеринбург, Сочи ва ду парвоз аз Маскав ба Душанбе бекор шудаанд. Ҳамчунин, парвози ширкати “Уралские авиалинии” аз Челябинск, Екатеринбург, Ростови лаби Дон ва Минералние Води ба Хуҷанд бекор шудааст.

Мусофирон танҳо дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон банд намондаанд. Чандин муҳоҷири тоҷик аз Русия ба Радиои Озодӣ навиштанд, ки "2-3 рӯз аст", мунтазири парвози ҳавопаймо ба Тоҷикистон нишастаанд. Ин муҳоҷирон ҳам аз ширкати "Уралские авиалинии" билет харидаанд.

Даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар Наврӯз дар Жуковский дармондаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:29 0:00

Ширкати "Урал" дар бозори мусофиркашонӣ миёни Тоҷикистону Русия мавқеи намоён дорад. Пас аз қатъ шудани парвози ҳавопаймоҳои ширкати "Сибир" (S7) талабот ба кори он зиёдтар шуд. Бо қатъи парвозҳои "Сибир" ва, инак, таъхир дар парвози ҳавопаймоҳои "Урал", маълум нест, чӣ дардисарҳое барои муҳоҷирон дар роҳ аст. Ин вазъ дар фасли баҳор ва дар айёме ба миён омад, ки аксар муҳоҷирони тоҷик барои рафтан ба Русия омодагӣ доштанд.

XS
SM
MD
LG