Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW: Толибон ваъда доданд, ки дари мактабҳоро ба рӯи духтарон мекушоянд


Занону духтарон дар Афғонистон мегӯянд, баъди омадани Толибон ба қудрат аз ҳаққи таҳсилу кор маҳрум шудаанд
Занону духтарон дар Афғонистон мегӯянд, баъди омадани Толибон ба қудрат аз ҳаққи таҳсилу кор маҳрум шудаанд

Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch гуфт, Толибон ваъда додаанд, ки рӯзи 23-юми март дари мактабҳоро дар Афғонистон ба рӯйи духтарон мекушоянд.

Созмон дар гузориши 13-саҳифаӣ аз сармоягузорон хостааст, аз "дастрасии пурра ба таҳсили босифат барои духтарон ва занон дар Афғонистон" пуштибонӣ кунанд.

Ҳизер Барр, ёвари мудири бахши ҳуқуқи занон дар Дидбони Ҳуқуқи Башар, гуфт, "сармоягузорон бояд роҳҳоеро ёбанд, ки Толибонро ба эҳтироми ҳуқуқи духтарон ва занон ба таҳсил водор кунанд."

Ин гурӯҳи тундрав, ки моҳи августи соли гузашта қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт, дари мактабҳои миёнаро барои писарон боз монд, вале барои духтарони синфҳои болоӣ баст. Чизе, ки Дидбони Ҳуқуқи Башар "нақзи ҳуқуқи духтарон ва занон аз ҷониби Толибон" медонад.

Саҳар Фитрат, як фаъоли ҳуқуқи башари афғон, гуфтааст, "бозкушоии мактабҳои миёна барои духтарон дар Афғонистон як қадами муҳим аст, аммо барои таъмини дастрасии духтарон ва занон ба таҳсил кофӣ нахоҳад буд."

XS
SM
MD
LG