Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табиат бо "бедодгарӣ" дар Тоҷикистон чанд ҷойро вайрон кард


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Табиат дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон “бедодгарӣ” карда, ба хонаву иншооту ва зербунёдҳои муҳим осеб расонидааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода рӯзи 18-уми март гуфт, шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар тарма, ярчу сангрез ва обхезӣ дар рӯдхонаҳо ба мушоҳида расидааст. Аз ҷумла 17-уми март дар ноҳияи Роштқалъа тарма ду хонаро вайрон кардааст, вале касе осеб надидааст.

Ҳамчунин дар ҷамоати Поршневи ноҳияи Шуғнон сел се сар гӯсфанди сокинонро нобуд кардааст. Мақомот гуфтанд, хисороти расидаро арзёбӣ мекунанд. Дар шимоли кишвар дар ҷамоати Ёрии шаҳри Панҷакент оби рӯдхона баланд шуда, ба як пул осеб расондааст. Субҳи имрӯз 18-уми март дар километри 266-уми шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ 30-35 метр ярч ба қайд гирифта шудааст. Роҳ муваққатан баста шудааст.

Соати 2-и имрӯз ҳамчунин дар натиҷаи сангрез шоҳроҳи Кӯлоб-Шоҳин-Дарвоз дар наздикии ҷамоати Вишхарви Дарвоз муваққатан баста шуд. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, роҳҳои Кӯлоб-Қалъаи Хумб, Қалъаи Хумб-Ванҷ-Хоруғ ва Ванҷ-Рӯшон низ барои як муддат баста мешаванд.

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, боронҳои сел дар кишвар то рӯзи 20 март идома мекунанд ва дар ин муддат хатари селу обхезӣ ва тарма зиёд аст. Биноан аз сокинон хоста мешавад, дар се рӯзи оянда аз сафар ба минтақаҳои куҳистонӣ худдорӣ кунанд. Дар як ҳафтаи ахир чандин корбари Радиои Озодӣ ҳам бо ирсоли навор аз офатҳои табиӣ дар ҷойи зисташон хабар доданд. Баъзе аз сокинон шикоят доранд, ки мақомот саривақт ба ёриашон намеоянд.

XS
SM
MD
LG