Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акбари Турсон: Мавсими Наврӯз меояд, ҳумоюн фурсатест! Қисми 2


Акбари Турсон
Акбари Турсон

Акбари Турсон, академик

Аввалаш инҷост

Мавқеи ҷуғрофии Эрону Турон ҳам ба густариши алоқаҳойи сиёсию тиҷорӣ ва фарҳангии сокинонашон бо хориҷиён мусоидат кардааст. Зиндагӣ дар чорраҳайи серодами Шарқу Ғарб, аз ҷумла қад-қади Ҷодайи Абрешим, дар вусъати ҷаҳоншиносӣ ва рушди шуури ахлоқии авлоди ориён омили муҳимме буд.

Дар шарҳи ин мушоҳидайи таърихӣ муносибати аҷдоди дуру наздикамонро ба мардумони бегона, хусусан онҳое, ки дину фарҳангашон фарқ мекард, мисол овардан айни муддост. Агар ба саргаҳи одоби муомилайи бобокалонамон бо дигарон назар афканем, дармеёбем, ки дар бунёди одоби хоси эшон дастури маънавие ҳаст ба зоҳир нонавишта, вале ба ботин зода ва парвардайи ахлоқи ғанӣ.

Онро метавон муносибати хайрхоҳона ва пурсаброна ба гуфтору рафтору пиндори мардуми ғайр, ба суннатҳо ва одатҳойи дигаргуна унвон кард. Нақши ин дастури инсондӯстона дар достони паҳлавизабони «Менуйи хирад» ҳувайдост, ки зода ва парвардайи даврайи пеш аз зуҳури ислом (садайи шашӯми мелодӣ) мебошад. Он ҷо «ба ҳар кас некӣ хостан»-ро «меҳтарин кори нек» донистаанд.

Ин дастур хоҳиши хушку холӣ набуд. Гуфтан кофист, ки ягон арбоби барҷастайи илму фарҳанги Аҷам дар ҳаққи забону маданияти қавму мардуми ғайр бадгӯйӣ накарда, урфу одатҳойи ягон халқро наҳ назада, аз рӯйи хусумати миллию мазҳабӣ ва ё кини таърихӣ ба иззати нафси мардуми ягон марзу буми бегона нарасидааст. Баройи ба ин хулоса бовар кардан як навиштаҳойи Абӯрайҳони Берунӣ “Осор-ул-боқия” ва “Мо-ли-л Ҳинд”-ро варақ зада баромадан кофӣ аст. Аллома Берунӣ, ки ҷиҳати сахтгирӣ машҳур аст (инро аз оҳанги баҳсҳойи ӯ бо Абӯалии Сино пай бурдан осон аст), дар ин китобҳо урфу одат ва ақидаҳойи халқҳойи мухталифро бо эҳтирому эҳтиёти тамом нақлу нақд кардааст.

Дар ҳилоли чунин тариқи одаму оламшиносӣ хусусан шаҷарайи таърихию фарҳангии ҷашни Наврӯз ойинайи ибрат мебошад. Наврӯз иди пирӯзӣ бар халқе ва ё соати наҷот аз хатаре нест; хусусан рӯзи қасос аз душмани сохта ё бофта набувад, ки аз маросими хусуматомезона сӯзонидан ё калтаккӯбӣ кардани хӯсааш ва ё лаънат хондан ба аҷдоду авлодаш иборат бошад. Хусусияти таваҷҷӯҳангези Наврӯз ин аст, ки ҷашн ба ягон воқеайи сирф қавмӣ, миллӣ ё маҳаллӣ бахшида нашудааст.

Суннати асили халқу кишвар ҷашнро ба воқеаҳойи бузурги кайҳонию хамосие мепайвандад, ки ба сарнавишти ҳамайи фарзандони Одам нисбат доранд. Офаридани Офтоб ва замину осмон, ба ҳаракат овардани фалакҳо ва сохтани сараҷдоди Одам аз ҷумлайи ҳамон воқеаҳойи куллианд, ки Абурайҳони Берунӣ бори нахуст рӯйхат карда як ба як шарҳу тафсир дода буд.

Умдаи хулосаи ӯ чунин аст: “Наврӯзи нахустин аввалрӯзест аз замона ва бад-он фалак оғозид гаштан”.

Наврӯз дар радифи ҷашнҳойи халқӣ ҳамагонитарин дар ҷаҳон аст. Аз назари илми ситорашиносӣ ҳамагонӣ будани иди Наврӯз тамоман равшан бувад: эътидоли баҳорӣ (баробар шудани шабу рӯз), ки Наврӯзи моро ҳусни оғоз бахшида, дар ҳамагуна солшумориҳойи шамсӣ – аз тақвими Майа гирифта то таърихи Ҷалолӣ – мазкур аст. Ин рӯйдоди астрономиро аҷдоди тоҷику эронӣ кашф накардааст. (Онро бори нахуст ситорашиноси Юнони Қадим Ҳиппарх илман шарҳ дода буду ҳайатшиноси араб Собит ибни Қурра ҳаматарафа омӯхта.)

Сари сол ҳисоб кардани эътидоли баҳорӣ ҳам пешниҳоди ягон фарди ориёӣ набуд. (Инаш хизмати сомиёни аҳди бостон аст.) Лекин маҳз хуросониён буданд, ки эътидоли баҳориро дар таркиби суннати маънавиашон рӯҳонида ба вай ҷомайи зарбофти фалсафию динӣ пӯшониданд.

Албатта, Наврӯз як навъ холи модарзод ҳам дорад, яъне фарҳанге, ки ӯро зодааст, дар чеҳрайи маънавии ин ҷашни бостонӣ нақши равшан боқӣ гузошта. Манзурам фақат номи ид (Наврӯз) нест. Наврӯз ба сони Ҷоми Ҷам одобу ойини мардуми муқиминишину зироатпарварро инъикос мекунад. Дар айни замон, бо вуҷуди ин ки вай яке аз меҳварҳойи муҳимми хештаншиносии ориёӣ бувад, ба куллияти хеш қавмгаро нест, андаруни суннати фарҳангии нажоди ҷудогона маҳдуд намондааст. Гарчанде ки дарахти сершоху барги Наврӯз дар хоки ориёзамин рӯйидаст, худи ҷашн фақат баройи мардуми эронитабор таъйин нашуда. Одоби иди сириштан осмонгаройи мо бар замини эътиқоде бунёд афкандааст, ки бо забони ҳол мегӯяд: Наврӯзро вакили мутлақи Худованди Некӣ баройи ҷумла мардумони некдил, аз ҷумла, ба қавли Хайём, “подшоҳони некаҳд”, ойин овардааст.

Дар воқеъ, сабаби умдайи ҳамагонӣ будани иди Наврӯз, боз аз қавли Хайём гӯям, аз он бармеояд, ки ҷашнро “аз баҳри бузургдошти Офтоб” таъсис дода буданд. Ва ойинаш ин буда ки “ҷаҳониён (таваҷҷӯҳ кунед: маҳз ҷаҳониён, на ин ки як худи ориён ё эрониён!) чашм бар вай доранд ва андар вай ба ҷалолу таъзим гиранд”.

Бо иборати дигар, Наврӯз ҷашни зодрӯзи Офтоб мебошад, чаро ки бо хости Яздони Гаргар ӯро дар силсилайи маротиби ҳастӣ волотарин мақом насиб шуда: “Эзади таъоло Офтобро аз нур биёфарид ва осмонҳо ва заминҳоро бад-ӯ парвариш дод”. Аз ин ҷост, ки ашрофи ақлияи даврайи Эҳёи Аҷам (хосса Абӯрайҳони Берунӣ ва Умари Хайём) Хуршеди осмониро бо Меҳри рӯҳонӣ баробар карданд, ки дар аҳди ориён Эзиди фурӯғу рӯшнойӣ ва паймоншиносиву дод ба шумор мерафту дар аҳди Зартушт ба дастёру коргузори Аҳура Маздо табдил ёфт.

Хулосайи калом, Наврӯз дар воқеъ ҳам ҳамагонитарин ҷашни соли нав аст ва аз ин ҷиҳат ягон иди дигар ба ӯ лофи баробарӣ зада наметавонад!

III

Камоли ифтихору сарфарозиҳойи мост, ки акнун Наврӯз мувофиқан ба миқёси азаливу муносибан ба мартабайи аслиаш ба арсайи ҷаҳони мутамаддин баромада ба ҷодайи ҷаҳонисозӣ ворид шуд. Аз ин рӯ, айни муддаост, ки камоли матлуби ҷашни бостониамонро дар қиёси арзишҳойи маънавии ҳамагонӣ дида бароем.

Наврӯз дар байни ориёни шарқӣ зуҳур карда, дар заминайи суннати рӯҳонии онон бунёд ёфта бошад ҳам, аз рӯйи сиришту рисолаташ иди як халқ, гурӯҳе аз ақвоми одамӣ ва ё ҳатто қитъае аз рубъи маскун набуд. Наврӯз ҳамчун ҷашни зодрӯзи Хуршеди оламоро, мисли худи сарчашмааш Офтоб, ки баройи ҳамагону ҳамаҷо ҳамрӯза нуру гармо меафканад, сарвати ҷумла фарзандони Одам аст! Дар ин росто фаромӯш намекунем, ки бунёдгузори Наврӯз Кайумарс саравлоди одамизод муаррифӣ шудааст ва низ муассиси ҷашн Ҷамшедро подшоҳи “ҳафт кишвар” мехонданд, ки тамоми арзҳойи ҷуғрофиро фаро мегирифт.

Архетипҳойи фарҳангии ҷашни Наврӯз аз хайрандешию некбинии кайҳоншумул саршоранд. Бесабаб нест, ки муосирони Абурайҳони Берунӣ Наврӯзро "Рӯзи умед" мехондаанд. Худи Берунӣ Наврӯзро “пешонии соли нав” ном додаст, ки фақат ба хотири тарзабонӣ набуд; маънии маҷозии “пешонӣ” бахт ва иқбол аст. Аз ин ҷиҳат як хабари таърихнавису ҷуғрофидони Юнони Қадим Страбон низ ҷолиб бувад, ки гуфта: дар Эронзамин дар рӯзи эътидоли баҳорӣ ақди никоҳ мебанданд.

Умеди наврӯзӣ дар ғояти беғайратию бепарвойӣ ба умеди неъмати осмонрез ё ганҷи бодовард нишастан нест; хосса аломати ризо ба қазо набувад. Ҳикмати халқӣ мефармояд: “Дунё ба умед аст”. Вале ҳикмати дигар низ ҳаст, ки огоҳ мекунад: “Ба умеди худо нашаву буттаро дор”! Ин ҳазли идона нест, баҳрайи таҷрибайи рӯзгор аст, ки дар дигар мақоли тоҷикӣ “ҳаракат аз ту (Одам), баракат аз ман” (Худо) таҷассум ёфтааст.

Дар зимни ин аз ду унсури муҳимми ойини ҷашн ёдовар шудан бамаврид бувад, ки низ ба фаъолияти хоси иҷтимоию фарҳангӣ даъват мекунад. Бино ба ақидайи урфӣ, дар рӯзҳойи ид фариштагони некӯкор аз осмон ба замин мефароянд. Ва аммо қосидони фалакӣ ба хонаҳое ташриф намеоваранд, ки (1) онҳоро рӯбучин накардаанд ва ё (2) миёни аҳли хонавода сулҳу салоҳ нест.

Ба таъмими ин ду ойини наврӯзӣ пардохта метавон гуфт, ки онҳо ба шуури иҷтимоию фарҳангии асри мо роҳ ёфта, аҳамияти хоси гуманистӣ пайдо карда метавонанд. Чунончӣ, ҳудуди хонаро то ҳаҷми дунё васеъ намуда, зарурати рӯбучини идонаро бо даъвати экологияи муосир қиёс кардан шояд, ки ифлос накардани муҳити зистро тақозо менамояд. Гузашта аз ин, дар контексти аркони ахлоқии одобу ойини Наврӯз (парастиши покӣ, махсусан парвариши муносибати нафратомезона ба дурӯғу дурӯягӣ) худи мафҳуми экологияро дар илми ҳозиразамон такмил додан мумкин аст. Аз ҳисоби масъалаҳойи ҳифзи муҳити маънавӣ васеъ ва ғанӣ кардани мавзӯйи экологияро дар назар дорам, ки ҳоли ҳозир танҳо тарзу тариқи ҳифз кардани муҳити табии зистро баррасӣ мекунаду бас.

Дар шароити кунунии густариши раванди ҷаҳонисозӣ аҳамияти экологияи тамаддун аз экологияи табиат бештар набошад ҳам, камтар нест. Хусусан ки ҳар ду ба ҳам алоқайи ногусастанӣ доранд: ифлос ва вайрон шудани табиат дар басе мавридҳо натиҷайи касифию харобии фарҳанг аст. Аз ин рӯ, айбу аҷаб нест, ки ҳифзи худвежагии фарҳангҳойи миллӣ аз тариқи пешгирӣ кардани нуфузи маданияти оммавӣ ба яке аз масъалаҳойи доғи рӯз табдил ёфтааст.

Дар санадҳойи умдайи Созмони Милали Муттаҳид – аз Эъломияҳойи ҳазорайи Ассамблеяи Генералӣ гирифта, то тавсияномаҳойи сершумори ЮНЕСКО – даъват ба муколама дар ҳама сатҳу савияҳойи муносибати байналмилалӣ бо талқину таъкиди зарурати расидан ба ҳусни тафоҳуми фарҳангӣ, вусъат додани таълиму тарбияи таҳаммули динӣ ва пешгирӣ кардани бегонаситезӣ ва қавмпарастию миллатгароии ифротӣ ҳамроҳ меояд.

Комилан табиию куллан рамзист, ки ақидайи гуфтугӯи тамаддунҳоро маҳз Ҷумҳурии Исломии Эрон пешниҳод кард, ки дар баробари дигар халқу кишварҳойи форсизабон меросбари таърихии ҷашни Наврӯз аст. Эрон қисми таркибӣ ва ҷудойинопазири ҳамон Ориёзамини бостонист, ки дар муҳити маънавиаш гуманизми комилан нав ташаккул ёфт. Маҳз Саъдии Шерозӣ буд, ки дар камоли инсондӯстӣ фарзандони Одамро аъзои як пайкари маънавӣ дониста, ваҳдати азалӣ (ва абадии) башариятро андар замону макон талқин ва таъкид кардаст:

“Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.”

Дар шарҳи маънию маслаки хоси ин манзумайи фалсафӣ, ки ба камоли матлуби Созмони Милали Муттаҳид ҳамсангу ҳамоҳанг аст, аз маъқулае ёд мекунам, ки ба ҳама шинос бошад ҳам, дар Аҷам ба мазмуне корбаст шудааст, ки ба дигар фарҳангу тамаддунҳо хос нест. Манзури назарам мафҳуми башарият мебошад. Ба наздики уқалою удабойи бедормағзи даврайи Эҳёи Аҷам, ки худаш як баҳори пуррангу пурнаими таърихи ориёнзамин буду оғозаш Наврӯзи гулхези ховарон, башарият на фақат аҳли замона, яъне муосирон, балки инчунин аҳли адам, яъне аҷдоди гузашта ва авлоди ояндаро низ баробар фаро мегирад.

Ба забони фалсафӣ гӯям, дар таркиби ҷаҳоншинохтии бостонии эронию туронӣ маъқулайи “замони иҷтимойӣ” маънию маслаки нодире пайдо карда буд, ки то замони мо ҳифз шудаст: вақт ба сони рӯди кӯҳсор якҷониба ҷорист, вале ҳар як лаҳзааш буду шуди ҳофизайи таърихиро мисли Ҷоми Ҷам инъикос мекунад. Бинобар ин ҳар як насли тоҷику эронӣ Рӯдакию Фирдавсӣ, Бӯалию Берунӣ, Румию Ҷомӣ, Саъдию Ҳофиз, Иқболу Айниро ҳамчун муосиру мусоҳиби зинда мепазирад. Хусусан ки забони муштараки мову он бузургон порсӣ-дарӣ-тоҷикӣ, бо вуҷуди он ҳама баҳрае, ки аз дигар забонҳо, ба хусус арабӣ, бардоштааст, ба куллияти хеш тағйир наёфта ва ба аҳли саводи Эрону Тоҷикистону Афғонистон куллан мафҳум мебошад.

Моя ва маслаки қадимтарин ҷашни мардуми ориёнитаборро метавон дар чорчӯби мафҳуми куллии пайванд баён кард: Наврӯз хешу табор, як наслро бо насли дигар, наслҳоро бо аслҳойи ҳастии иҷтимойӣ, гузаштаро бо ҳозира, ҳозираро бо оянда ва дар ниҳояти силсилайи робитаҳо ва нисбатҳо Олами Сағир (Инсон)-ро бо Инсони Кабир (Коинот) мепайвандад. Пайвандгоҳи ин ҳама васлҳо бошад, мислу монанди ҳамон замини барӯманди афсонавист, ки такягоҳу такондеҳи Антей ном қаҳрамони як устурайи машҳури юнонӣ буд: ҳар боре, ки ӯ дар ҷанги тан ба тан бемадор мешуд, ба замин (тимсоли модараш) даст расонда қуввату қудрати нав мегирифт.

Наврӯз ҳам баройи ҳар як фарди одамӣ ва ҳар як халқи некиродаю боғайрат рӯзи андӯхтани қуввату қудрати тозайи рӯҳонию равонист. Шоири донишманди мо Анварии Абевардӣ, вақте ки дар оғози баҳори Аҷам аз нашъунамойи табиат болида “боз ин чӣ ҷавонист заминрову замонро” гӯён хитоб мекард, яқинан маҳз аз бӯъди иҷтимоии ҳамин неруйи эҳёии Наврӯз ба ваҷд омада буд...

Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.
XS
SM
MD
LG