Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири нави Тоҷикистон ба маликаи Бритониё маҷозӣ эътимоднома супурд


Рухшона Эмомалӣ бо шавҳараш Шамсулло Соҳибов. Акс аз Твиттер
Рухшона Эмомалӣ бо шавҳараш Шамсулло Соҳибов. Акс аз Твиттер

Рухшона Эмомалӣ, духтари президент Эмомалӣ Раҳмон, ба ҳайси сафири нави Тоҷикистон дар Бритониё ва Ирландияи Шимолӣ ба малика Елизаветаи II эътимоднома супурдааст.

Ӯ дар ин маросим бо шавҳараш, Шамсулло Соҳибов, тоҷири матраҳ дар расонаҳои ғарбӣ ва яке аз монополистон ё инҳисоргарони тиҷорати бозори дохилии Тоҷикистон, иштирок кард. Маросим 15-уми март ба таври маҷозӣ баргузор шуд.

Маликаи 95-солаи Бритониё, Елизаветаи II, дар қароргоҳи худ дар Қасри Виндзор буд ва маросимро тавассути видео дид. Вай дар охири моҳи феврали имсол ба коронавирус мубтало шудааст.

Рухшона Эмомалӣ 15-уми декабри соли 2021 сафири Тоҷикистон дар Бритониё таъин шуд. Дар манобеи боз дар мавриди ӯ иттилои маҳдуде дастрас аст.

Вай духтари сеюми Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, буда, соли 2016 дар сафорати кишвар дар Лондон ва аз соли 2017 то охири соли гузашта ба ҳайси муовини сардори Раёсати созмонҳои байнулмилалии Вазорати корҳои хориҷӣ кор кардааст. Муаллифи китоби "Асосҳои хидмати дипломатӣ" низ ҳаст.

Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз сӯи мухолифон барои хешутаборбозӣ (непотизм) ва инҳисор (монополия)-и қудрат танқид мешавад. Ӯ падари 7 духтар ва 2 писар аст.

Писараш Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбест. Духтараш Озода Раҳмон раиси Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон аст. Шавҳари ӯ, Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки Миллии Тоҷикистон мебошад.

Таҳмина Раҳмон, духтари дигари раиси ҷумҳур, ҳамроҳ бо шавҳари худ Зарифбек Давлатов машғули тиҷоратанд. Таҳқиқоти Радиои Озодӣ муайян кард, ки онҳо молики "Агентии алоқаи ҳавоӣ" мебошанд. Ин ниҳод аз ҳаққи комили фурӯши билетҳои ҳавоӣ бархурдор аст.

Зоҳир Соҳибов, домоди дигари раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳамроҳ бо фарзандаш Исмоили Зоҳир ба тиҷорат сарукор дошта, молики бозори "Ҳоҷӣ Шариф" дар шаҳри Бохтар мебошанд.

Ашрафҷон Гулов, домоди дигари Раҳмон ва писари вазири пешини энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ, сафири Тоҷикистон дар Туркия аст.

Ҳасан Асадуллозода, бародари ҳамсари раиси ҷумҳури Тоҷикистон, роҳбари бузургтарин бонки кишвар "Ориёнбонк" мебошад.

Бародарзодаҳои Эмомалӣ Раҳмон – Исломиддин Раҳмон раиси ноҳияи Данғара ва Умед Раҳмон додситони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳастанд.

Дар айни ҳол на президент ва на наздиконаш дар мавриди иттиҳомҳои хешутаборбозӣ изҳори назар накардаанд. Оҷонси хидмати давлатии Тоҷикистон чанд сол пеш ба суоли он ки дар як сохтор кор кардани пайвандони наздик оё қонуншиканӣ нест, посух дода буд, ки дар ин ҳол қонун халалдор нагаштааст.

XS
SM
MD
LG