Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародари Саид Абдуллоҳи Нурӣ, боздошт шудааст. ВИДЕО


Нурулло Саидов
Нурулло Саидов

Нурулло Саидов, бародари 64-солаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари пешини Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷикро дар вилояти Хатлон дастгир кардаанд.

Мақомоти корҳои дохилии минтақа шарҳе надоданд. Пайвандонаш мегӯянд, ӯ ба гирифтани “маблағ аз хориҷа” гумонбар аст.

Пештар ду бародарзодаи ӯ, Нусратулло Саидов ва Муҳибулло Нуриддинов, бо айни иттиҳом боздошт шудаанд.

Абубакри Нурӣ, бародари Саид Абдуллоҳи Нурӣ, рӯзи 15-уми март аз Олмон ба Радиои Озодӣ гуфт, “гирифтани пул аз хориҷа баҳона аст, дар асл, қазия дорои ангезаҳои сиёсист.”

“Бале, пайвандони Нурулло дар хориҷа ҳастанд ва ба хонавода ёрӣ мерасонанд. Ба мисли даҳҳо ҳазор муҳоҷире, ки дар Русия ва кишварҳои дигар ин корро анҷом медиҳанд,” – афзуд ӯ.

Наворро дар инҷо бинед:

Боздошти бародари Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар вилояти Хатлон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:06 0:00

Додгоҳҳои Тоҷикистон солҳои охир чанд нафарро бо гуноҳи дарёфти кумак аз мухолифони тоҷик дар хориҷа ба зиндон маҳкум кардаанд.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе соли 2020 Асрориддин, писари Зубайдуллоҳи Розиқ, узви зиндонии ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро 5 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Дона Набиев, сокини солманди ноҳияи Рӯдакӣ, низ бо гуноҳи дарёфти маблағ аз хориҷа ва кумак ба пайвандони аъзои зиндонии ҲНИТ ба зиндон маҳкум шуд. Дертар, зимни эътирози созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва бинобар бемор буданаш, ӯро озод карданд.

Наздикони мухолифон фиристодани маблағро ба оилаҳояшон рад намекунанд, вале мегӯянд, ин кор ғайриқонунӣ нест ва набояд барои он ҷазо диҳанд.

Бонки Миллии Тоҷикистон рӯйхати даҳҳо намояндаи мухолифин, паноҳҷӯён ва ҷангҷӯёни тоҷикро дар хориҷа тартиб додааст, ки ҳар гуна додугирифт бо онҳо мамнуъст.

XS
SM
MD
LG