Дар як бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд сӯхтор сар зад.
Шоҳидон гуфтанд, ҳодиса пас аз зуҳри 15-уми март рӯй дод. Онҳо аз кори, ба гуфтаашон, сусти оташнишонҳо танқид намуданд.
Манобеи расмӣ гуфтанд, ба хотири пешгирӣ аз хисороти бештар мардумро ба берун бароварда, нерӯи барқро дар маҳалла хомӯш карданд.
Сӯхтор дар як манзил дар ошёнаи ҳафтум рӯй дода, ба чанд хонаи дигар зарар расондааст.
Идораи ҳолатҳои фавқулода ва оташнишонӣ то ин дам тафсилоти ҳодиса ва зарари расидаро нагуфтанд.