Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоби президенти Туркманистон: 97 дарсад рой додаанд


Дар Туркманистон, ки рӯзи 12-уми март интихоботи президентии пеш аз муҳлат баргузор шуд, 97 дарсади сокинони қобили рой овоз додаанд. Дар ин бора Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии он кишвар иттилоъ дод.

Комиссия ҳамзамон хабар дод, ки дар он кишвар бештар аз 3 миллиону 435 ҳазор интихобкунанда сабти ном шуда буд.

Бисёре аз коршиносон бар ин назаранд, ки интихоботи президентӣ дар он кишвар ба хотири интиқоли қудрат аз Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ба писараш Сардор Бердимуҳаммадови 40-сола ташкил шуд.

Ба ҷуз аз Сардор дар интихоботи ахири президентӣ 8 номзади дигар ширкат мекард. Аммо дар маъракаи интихоботӣ миёни номзадҳо ҳеч баҳсе сурат нагирифт.

Расонаҳо аз қонуншиканиҳои зиёде дар ҷараёни раъйдиҳӣ хабар медиҳанд.

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов аз соли 2006 Туркманистонро идора мекунад. Ҳамакнун бо ба сари қудрат овардани писараш аз президентӣ канор меравад.

XS
SM
MD
LG