Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурби доллар боло рафт, нархҳо низ. Пайомади ҷанги ҳазорон километр дур аз Тоҷикистон. ВИДЕО


Дар як ҳафтаи ахир нархи равған дар бозорҳо боло рафт
Дар як ҳафтаи ахир нархи равған дар бозорҳо боло рафт

Қурби расмии доллар дар Тоҷикистон якбора боло рафт ва рӯзи 9-уми март 100 доллар ба 1300 сомонӣ баробар шуд. Тоҷирон мегӯянд, аллакай нархи баъзе маҳсулоти ниёзи аввал аз қабили орд, равған ва шакар гарон шуд. Таҳлилгарон аз блоки иқтисодии ҳукумат даъват доранд, ки бо назардошти бад шудани вазъи иқтисодии Русия, фавран барномаи зиддибуҳрониро рӯйи даст гирад.

Маҳсулот бо сомонӣ намеояд

Фирдавс Ғафуров, фурӯшандаи маҳсулоти хӯрокворӣ, мегӯяд, дар як ҳафтаи охир чанд маҳсулоти ниёзи аввалро аз нуқтаҳои яклухтфурӯшӣ бо нархи гарон дастрас кард. Сабабаш, ба гуфтаи ӯ, боло рафтани қурби доллари амрикоист.

"Ҳозир ордро ба 275 сомонӣ оварда, ба 280 сомонӣ мефурӯшем. Даҳ рӯз пеш ордро ба 265-266 сомонӣ меоварданд, ба 270 сомонӣ савдо мекардем. Равған ва шакар ҳам гарон шуд,"-афзуд Фирдавс Ғафуров.

Тоҷирон мегӯянд, ин охири кор нест ва дар рӯзҳои оянда эҳтимол нархи маҳсулоти дигар низ боло равад. Бахусус он маҳсулоте, ки аз хориҷ ба Тоҷикистон оварда мешаванд. "Бисёр маҳсулоте ҳаст, ки аз давлатҳои дигар оварда мешаванд. Албатта, онҳоро бо пули тоҷикӣ намехаранд, бо доллар мехаранд. Масалан, орду гандумро аз Қазоқистон меоранд. Дар онҷо ҳам бо доллар кор мекунанд," -- мегӯяд тоҷири тоҷик Искандар Шамсиев.

Мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ дар бозорҳои Душанбе нишон дод, ки нархи як халта орд 10 сомонӣ, як литр равған як сомонӣ ва як кило шакар то 2 сомонӣ гарон шудааст.

Коршинос: ҳукумат бояд дар фикри барномаи зиддибуҳронӣ бошад

Тағйирот дар бозори арзи Тоҷикистон баъд аз ҳамлаи Русия ба Украина ба вуҷуд омад. Дар ду ҳафтаи ҷанг қурби 1000 рубл аз 141 сомонӣ то 91 сомонӣ пойин омад. Дар ин муддат қурби 100 доллар ҳам аз 1130 сомонӣ то 1300 сомонӣ боло рафт. Тағйироте, ки дастикам аз соли 2014 ба ин тараф собиқа надоштааст.

Мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон то ҳол шарҳ надодаанд, ки сабаби якбора пойин овардани қурби расмии сомонӣ дар баробари доллари амрикоӣ чист. Як масъули ин ниҳод дар суҳбати бидуни микрофон сабабро "пайомади вазъи бади иқтисодии Русия" донист.

Қурби асъор дар рӯзи 9-уми марти соли 2022
Қурби асъор дар рӯзи 9-уми марти соли 2022

Агарчӣ боло рафтани қурби расмии доллар нигарониҳоро ба миён овардааст, баъзе таҳлилгарон мегӯянд, Бонки миллӣ дар шароити ҳозира ба ҷуз аз боло бурдани қурб дигар илоҷе надорад.

Зулфиқори Азиз, мутахассиси соҳаи бонкдорӣ гуфт, “Бонки миллӣ наметавонад аз он захираҳое, ки дорад пурра истифода барад. Зеро ин захираҳо беохир нестанд. Як қисми ин захираҳо дар давраи буҳрони COVID-19 истифода шуданд. Захираҳои имрӯза агар пурра истифода шаванд, шояд барои 3-4 моҳи оянда басандагӣ мекунаду халос."

Ба таъкиди мутахассис, блоки иқтисодии ҳукумат бояд ҳарчӣ зудтар аз пайи таҳияи як барномаи зиддибуҳронӣ шавад. Чун ҳоло маълум нест, ки таҳримҳо алайҳи Русия чӣ қадар давом мекунанд.

Русия кишвари асосии муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон аст ва ин қишр солона ба кишвар наздик ба 3 миллиард доллар мефиристанд. Ин маблағ барои таъмини вазъи иҷтимоии аҳолӣ ва нигоҳдории қурби пули сомонӣ мадад мекард. Коршиносони ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар ин масъала иттифоқи назар доранд, ки бо сахттар шудани таҳримҳо алайҳи Маскав кору даромади муҳоҷирон кам шуда, қурби рубл ҳам паст мешавад. Чунин вазъ ба Тоҷикистон, ки аз 4 хонавода яке муҳтоҷи пули муҳоҷирон аст, бетаъсир нахоҳад монд.

XS
SM
MD
LG