Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанги Украина. Дар Русия зидди ҷанг эътироз карданд, Зеленский аз Амрико кумак хост


Шаҳри Мариуполи Украина пас аз ҳамлаи ҳавоии Русия
Шаҳри Мариуполи Украина пас аз ҳамлаи ҳавоии Русия

Дар чанд шаҳри Русия сокинон зидди ҷанги ин кишвар бо Украина садо баланд карданд.

Тибқи иттилои расида беш аз 150 нафар рӯзи 6-уми март дар чанд шаҳри Русия барои эътироз зидди ҷанг боздошт шудаанд.

Русия рӯзи 24-уми феврал ба Украина ҳамла кард ва 11 рӯз боз ҷанг идома дорад.

Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Украина рӯзи 6-уми март хабар дод, ки то кунун 11 ҳазор низомии Русия фавтидааст. Тасдиқи дурустии ин иттилоъ аз манобеи дигар имконнопазир аст.

Мақомоти украинӣ гуфтаанд, ки садҳо низомии дигарро асир гирифтаанд ва барои онҳо макони махсуси нигаҳдорӣ таъсис медиҳанд.

Владимир Зеленский, президенти Украина шаби гузашта дар тамоси видеоӣ бо сенаторони амрикоӣ гуфт, ки нерӯҳои Русия ду нерӯгоҳи ҳастаии ин кишварро тасарруф кардаанд ва барои забт кардани нерӯгоҳи сеюм омодагӣ мегиранд.

Рӯзи 4-уми март ба нерӯгоҳи ҳастаии шаҳри Запарожеи Украина ҳамла сурат гирифт, вале реакторҳои ҳастаии он осеб надид. Мақомоти кишварҳои аврупоӣ гуфтанд, ки агар як реактори он осеб медид, сокинони Украина ва қисми зиёди Аврупо заҳролуд мешуданд. Соли 1986 дар Украина нерӯгоҳи атомии Чернобил таркида буд, ки ҳазорон нафар то кунун ранҷи онро мекашанд.

Президенти Украина аз сенаторони амрикоӣ хост, ки ба Украина ҳавопаймоҳои ҷангӣ бидиҳанд. Аз ин пеш, созмони НАТО дархости Украинаро барои минтақаи мамнӯъ барои парвоз эълон кардани фазои ин кишварро напазируфт. Мақомоти ин созмони низомӣ гуфтанд, ки ин кор онҳоро ба ҷанг бо Русия мекашад, ки хатари бузургтар дорад.

Русия то кунун даъватҳо барои хатми ҷангро нодида гирифтааст. Аз тарси ҷанг наздик ба 1,5 миллион нафар аз Украина ба кишварҳои аврупоӣ фирор кардаанд. Дар миёни онҳо беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст.

XS
SM
MD
LG