Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Бадахшон гуфтанд, дар тазоҳуроти моҳи ноябр наврасон низ иштирок карданд


Эътирози моҳи ноябр дар Хоруғ
Эътирози моҳи ноябр дар Хоруғ

Мақомот дар Бадахшон мегӯянд, дар тазоҳуроти чоррӯзаи моҳи ноябр дар шаҳри Хоруғ наврасони мактабхон ҳам ширкат кардаанд.

Тазоҳурот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар пайи кушта шудани сокини Роштқалъа, Гулбиддин Зиёбеков, сурат гирифта буд.

Алишер Мирзонаботов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар як ҷаласа аз ҷинояткорӣ ва вазъи тарбияи наврасон танқид кардааст. Дар ин бора нашрияи расмии "Ҷумҳурият" хабар дод.

Масъулин дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз он нигаронӣ кардаанд, ки дар ҳодисаи рӯзҳои 25-28 уми ноябри соли гузашта, дар Хоруғ, “хонандагони муассисаҳои таълимӣ низ иштирок намудаанд”.

Онҳо аз ин наврасон душвортарбия ном бурдаанд. Нигарониҳо аз ширкати наврасон дар эътирозҳои Хоруғ дар ҳолест, ки вазъ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, пас аз тазоҳуроти чаҳоррӯза дар моҳи ноябр то ба ҳол печида боқӣ мондааст. Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, ки барои адолатхоҳӣ эътироз карда буданд. Онҳо мегӯянд, зери фишори мақомот ва тарси баргузории амалиёт қарор доранд, ки ба зиндагии фарзандонашон бетаъсир намемонад.

XS
SM
MD
LG