Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси пулиси Душанбе сардори Раёсати корҳои дохилии ВМКБ шуд


Шариф Назарзода
Шариф Назарзода

Генерал Шариф Назарзодаи 56-сола сардори Раёсати корҳои дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин шудааст. Тағйироти кадрӣ рӯзи 24-уми феврал сурат гирифт, вале мақомот далелашро шарҳ надоданд.

Назарзода аз соли 2017 то ин дам сардори пулиси Душанбе ва аз он қабл сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд буд.

Тағйирот дар ҳоле сурат гирифт, ки вазъ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, пас аз тазоҳуроти чаҳоррӯза дар моҳи ноябри соли 2021, печида шудааст. Тазоҳурот дар пайи кушта шудани сокини Роштқалъа, Гулбиддин Зиёбеков, сурат гирифт.

Сокинони ВМКБ мегӯянд, се моҳ боз аз Интернет маҳруманд, аз фишори афзоянда ва эҳтимоли амалиёти мақомот нигаронанд.

Намояндагони ҳукумат баргузории амалиётро рад ё тасдиқ намекунанд. Аммо пайваста тавассути телевизиони “Бадахшон” аз афроди бонуфзи минтақа мехоҳанд, ки худ ва ҳамроҳонашонро таслим кунанд.

Дар ҳамин ҳол, бо як қарори дигар, Бароталӣ Ҳамидзода аз мансаби муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон озод ва сардори пулиси Душанбе таъйин шудааст. Ҳамидзода пештар дар мансаби муовини сардори Раёсати БДА, муовини аввали сардори Раёсати умури дохилии Душанбе ва Сардори раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати умури дохилӣ кор карда буд.

XS
SM
MD
LG