Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти корманди як идораи давлатӣ бо гумони фасод дар Душанбе


Мақомоти Оҷонси зидди фасод дар Тоҷикистон масъули як корхонаи давлатиро бо гумони гирифтани пора дастгир кардаанд.

Ба иттилои Оҷонсӣ, сардори шуъбаи кадрҳо дар Корхонаи “Нақлиёти махсуси партовҳои сахти маишӣ”-и ноҳияи Шоҳмансур барои додани дафтарчаи кории қалбакӣ ва гирифтани 4000 сомонӣ гумонбар аст.

Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

Ба гуфтаи мақомоти Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дар соли 2021 дар кишвар беш аз 2000 ҷинояти коррупсионӣ содир шудааст.

Масъулини ин ниҳод мегӯянд, аксар мавридҳои ришваситонӣ аз ҷониби кормандони ҳукуматҳои маҳаллӣ, кормандони соҳаи маориф, корҳои дохилӣ ва идораи замину бонкҳо содир шуда, дар умум нисбати 600 нафар парванда боз кардаанд.

Бино ба гузориши ахири созмони Transparency International ё Шаффофияти Байнулмилал, дар Тоҷикистон мизони фасод хеле баланд аст. Ин созмон дар гузориши моҳи январаш кишварро дар миёни 30 давлати дорои бадтарин сатҳи фасод ҷой дод.

XS
SM
MD
LG