Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 9 миллион доллар. Ҳисоби бонкии Қосим Роҳбарро дар Швейтсария ёфтаанд. ВИДЕО


Қосим Роҳбар (Қосим Қосимов)
Қосим Роҳбар (Қосим Қосимов)

Муҳаққиқони OCCRP, Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта, ҳисоби бонкии Қосим Роҳбар (Қосим Қосимов), раиси пешини вилояти Суғд ва вазири собиқи кишоварзии Тоҷикистонро дар Бонки Швейтсария кашф кардаанд.

Ба иттилои онҳо, ҳисоби бонкӣ соли 2004 кушода шуда, то соли 2011 фаъол будааст. Дар он 8 миллиону 883 ҳазору 230 франки швейтсарӣ, ба ҳисоби ҳозира, баробар ба 9 миллиону 641 ҳазору 458 доллари амрикоиро нигоҳ доштаанд. Сарчашмаи чӣ гуна ба даст омадани ин миқдор пул маълум нест.

Тибқи қонун мансабдорони давлатӣ дар Тоҷикистон аз ҳаққи доштани маблағ дар бонкҳои хориҷӣ ё моликият дар берун аз кишвар маҳруманд.

Талошҳои Радиои Озодӣ барои тамос бо Қосим Роҳбар то ин лаҳза бенатиҷа буданд. Дар сурати посух додани ӯ назараш ба хабар илова карда хоҳад шуд.

Пажӯҳишгарони OCCRP Қосим Роҳбарро ҳампаймони президент Эмомалӣ Раҳмон тавсиф кардаанд, ки як муддат тиҷорати пахта, яке аз маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ва манбаи асосии асъори хориҷиро зери назорат доштааст.

Муҳаққиқон навиштаанд, дар як паёми дипломатии Амрико дар соли 2008 ӯ "шахсе бо гузаштаи шубҳаовар" номбар шудааст, вале дар замина шарҳи кофӣ дар даст нест.

Ҳисоби бонкии вазири собиқи тоҷикро дар Швейтсария "ёфтанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:22 0:00

Қосим Роҳбар, ки дар гузашта бо номи Қосим Қосимов машҳур буд, 58-сола аст ва моҳи январи имсол раиси шаҳри Ҳисор таъин шуд. То ин дам раёсати Кумитаи рушди маҳал, як ниҳоди навтаъсисро дар Тоҷикистон бар уҳда дошт. Аз соли 1994 то 1996 раиси ноҳияи Хуҷанд буд.

Соли 1996, пас аз ду соли интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон, ки дар он аз Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ кард, ба мансаби раиси вилояти Суғд расид. Даҳ сол дар ин мақом кор кард.

Дар солҳои 2008-2015 дар мансаби вазири кишоварзии Тоҷикистон фаъолият дошт. Номи ӯ дар робита ба эълони ҷамъоварии як миллион тонна картошка ва якбора боло рафтани нархи ин навъи маҳсулот дар бозорҳои кишвар як муддат дар сархати расонаҳо буд.

XS
SM
MD
LG