Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси муҳоҷирони корӣ дар порлумони Русия


Марат Ҳуснуллин
Марат Ҳуснуллин

Муовини раиси ҳукумати Русия гуфт, зарур аст, ки масъалаи ҷалби муҳоҷирон ба сохтмонҳо дар ин кишвар дар доираи қонунгузорӣ ҳал карда шавад.

Марат Ҳуснуллин ҳангоми суҳбат дар Думаи давлатӣ даъват кардааст, то қонунҳои сахтгирона қабул шавад, то Русия худро аз паҳлӯҳои манфии марбут ба муҳоҷират ҳифз кунад.

Вале аз сӯи дигар муовини раиси ҳукумати Русия эътироф кардааст, ки муҳоҷирон як қувваи кории арзон барои иқтисоди ин кишвар ба ҳисоб мераванд.

“Биёед, бо чашми ҳақиқат нигоҳ кунем, муҳоҷир назар ба сокинони Русия 50 дарсад зиёдтар кор мекунад, вале 30 дарсад маоши камтар мегирад,” -- гуфтааст Марат Ҳуснуллин.

Пештар ин мақомдори Русия гуфта буд, камбуди муҳоҷирон дар сохтмонҳои Русия яке аз сабабҳои асосии боло рафтани нархи манзил дар ин кишвар шудааст. Пештар Иттиҳоди корфармоёни Русия гуфт, феълан дар сохтмонҳои Русия, аз 1,5 то 2 миллион муҳоҷири меҳнатӣ намерасанд.

XS
SM
MD
LG