Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон имсол ба Афғонистон 1,5 млрд. киловат соат барқ медиҳад


Имзои созишнома миёни намояндагони "Барқи тоҷик" ва "Брешно". Моҳи декабри соли 2021
Имзои созишнома миёни намояндагони "Барқи тоҷик" ва "Брешно". Моҳи декабри соли 2021

Ширкати "Барқи тоҷик" ҷузъиёти созишнома бо ширкати “Брешно”-и Афғонистонро шарҳ дод.

Маҳмадумар Асозода, раиси “Барқи тоҷик”, рӯзи 14-уми феврал ҳангоми нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, бар асоси созишномаи нав, Тоҷикистон имсол ба Афғонистон 1,5 миллиард киловат соат барқ медиҳад. Соли гузашта Тоҷикистон ба Афғонистон каме зиёдтар аз 1,2 миллиард киловат соат барқ дода буд.

Ба гуфтаи раиси ширкати “Барқи тоҷик”, нархи ҳар киловат барқ ба Афғонистон 4,67 сент таъин шудааст. Маҳмадумар Асозода ҳамчунин гуфт, бар асоси қарордод дар моҳҳои май-сентябр ба Афғонистон то 400 мегават барқ интиқол дода мешавад.

"Дар давраи тирамоҳу зимистон миқдори барқи содиротӣ ба Афғонистон то 40 мегаватро ташкил медиҳад. Ин ҳам бошад барои нигоҳ доштани он хатҳои интиқоли барқ ва он минтақаҳои аҳолинишини Афғонистон, ки дар ин давра ба шабакаҳои Тоҷикистон пайваст мешаванд," -- афзуд раиси "Барқи тоҷик".

Созишномаи нав миёни "Барқи тоҷик"-и Тоҷикистон ва "Брешно"-и Афғонистон моҳи декабри соли 2021 дар шаҳри Тошканд имзо шуд. Он замон бисёриҳо мақомотро танқид карданд, ки сокинони кишвар бо барқ пурра таъмин нестанд, аммо барқро ба хориҷа мефурӯшанд. Аммо Далери Ҷумъа, вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон, рӯзи 31-уми январ, ҳангоми нишасти матбуотӣ гуфта буд, интиқоли барқ ба Афғонистон "хусусияти иҷтимоӣ дорад".

Созишномаи нав барои интиқоли барқ ба Афғонистон дар шароите имзо шуд, ки ширкати “Брешно” баъди дубора ба қудрат расидани Толибон дар пардохти пули барқ ба Тоҷикистон мушкилӣ дорад.

Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” рӯзи 14-уми феврал гуфт, қарзи умумии ширкати “Брешно” 33 миллион доллар мебошад. Ба гуфтаи Асозода, “Брешно” моҳи январ 2 ва моҳи феврал 4 миллион қарзашро баргардондааст.

Пештар масъулини ширкати "Брешно" гуфта буданд, бо сабаби мушкил дар кори бонкҳои Афғонистон, ки моҳи август ба миён омад, натавонистанд сари вақт маблағи барқро ба Тоҷикистон пардохт кунанд. Ин ширкати афғонистонӣ пештар ваъда дода буд, ки аз ҳисоби фурӯши амволи мақомдорони ҳукумати пешин, пули барқро ба Тоҷикистон пардохт мекунанд.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои асосии таъминкунандаи барқ ба Афғонистон аст. Баъди ба сари қудрат омадани Толибон дар моҳи августи соли гузашта, интиқоли барқ ба Афғонистон қатъ нашуд, ҳарчанд Душанбе аз мунтақидони ҳокимони нави Афғонистон аст.

XS
SM
MD
LG