Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷо Байден хитоб ба шаҳрвандони амрикоӣ: "Ҳамин ҳоло аз Украина берун шавед"


Ҷо Байден
Ҷо Байден

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбеи 10-уми феврал аз шаҳрвандони амрикоӣ, ки дар Украина қарор доранд, хост бидуни таъхир ин кишварро тарк кунанд. Ӯ ҳушдор дод, ки вазъ метавонад ба суръат тағйир ёбад ва печидатар шавад. Оқои Байден дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии NBC изҳор дошт, "шаҳрвандони амрикоӣ бояд ҳамин ҳоло (аз Украина) берун бишаванд".

Вай бо ишора ба Русия, ки теъдоди зиёде аз нерӯҳои худро дар наздикиҳои марзи Украина ҷобаҷо кардааст, гуфт, "инҷо бо яке аз бузургтарин артишҳои ҷаҳон тараф ҳастем. Шароит бисёр фарқ мекунад ва вазъ метавонад хеле ҳам босуръат ошуфта бишавад".

Ҷо Байден дар ин мусоҳиба ёдовар шуд, шароит тавре нест, ки ӯ битавонад нерӯҳои ИМА-ро ба минтақа фиристад то амрикоиҳоеро наҷот бидиҳад, ки талош мекунанд аз Украина берун шаванд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Амрико низ аз шаҳрвандони амрикоӣ муқими Украина хост, ки бинобар "афзоиши таҳдидҳои низомии Русия" алайҳи Украина, билофосила ин кишварро тарк кунанд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико бо нашри як хабарнома хитоб ба шаҳрвандони ин кишвар гуфт, "бинобар афзоиши таҳдидҳои низомии Русия ва КОВИД-19, ба Украина сафар накунед. Касоне ҳам, ки дар ҳоли ҳозир дар Украина ҳастанд, бояд ҳамин ҳоло бо воситаҳои нақлиёти хусусӣ ё идорӣ онҷоро тарк кунанд".

Русия иттиҳоми кишварҳои ғарбӣ дар мавриди ҳамла ба Украинаро рад кардааст. Аммо дар ҳамин ҳол, беш аз 150 ҳазор нерӯи низомӣ дар наздикии марзҳои Украина ҷобаҷо кардааст.

Аз сӯи дигар, шабакаи хабарии CNN ба нақл аз ду манбаи огоҳ гузориш дод, ки Кохи Сафед тарҳи фиристодани ҳудуди ду ҳазор нерӯи низомӣ ба Лаҳистонро таъйид кардааст, то амрикоиҳоеро, ки мехоҳанд дар сурати ҳамлаи Русия ба Украина аз ин кишвар хориҷ шаванд, кӯмак кунанд.

XS
SM
MD
LG