Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ҳамлаварон ба як фурӯшгоҳ дар Маскав


Мақомоти интизомии Русия дар пайванд ба ҳамла ба фурӯшгоҳи "Пятерочка" дар канори шаҳри Истраи вилояти Маскав чаҳор нафарро дастгир кардаанд.

Дар ин ҳодиса як зани 52-сола ҷон бохта, ду каси дигар, мудири фурӯшгоҳ ва шавҳараш, захмӣ шуданд. Ҳамла шаби 8 ба 9-уми феврал рӯй додааст.

Хабаргузории РИА Новости рӯзи чоршанбе навишт, ки ҳамлаварон "сокинони яке аз кишварҳои хориҷи наздик" ҳастанд.

Баъзе аз расонаҳои русӣ бо такя ба манобеи худ аз ҳамлаварон "зодагони Осиёи Марказӣ" ва чандеи дигар, аз ҷумла нашрияи Известия, "зодагони Тоҷикистон" ном бурданд. Иттилои дақиқ дар мавриди ҳувияти боздоштшудаҳо дар даст нест.

Намояндагии расмии Тоҷикистон то кунун изҳори назаре накардааст.

Мақомоти корҳои дохилии Русия рӯзи 9-уми феврал навори ҳамлаваронро нашр карданд, аммо чеҳраи онҳоро нишон надоданд. Хабаргузории РИА Новости навишт, "онҳо 96 ҳазор рубли русиро дуздида", вале дар 50-километрии ҳодиса дастгир шуданд. Ба онҳо муҳлатҳои дарози зиндон таҳдид мекунад.

Русия мизбони миллионҳо зодагони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, аст. Мақомоти Русия ҳар чанд вақт онҳоро ба даст доштан дар ҷиноятҳои гуногун муттаҳам мекунанд. Муҳоҷирон баъзан аз сохтаву бофта будани иттиҳомоти ба зидди онҳо шикоят доранд.

XS
SM
MD
LG