Сӣ Ҷинпин, раҳбари Чин, дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро “дӯсти оҳанин” хондааст.
Президенти Тоҷикистон барои ширкат дар бозиҳои зимистонаи Олимпӣ ба Чин сафар кардаааст.
Расонаи чинии “Чайна.орг” навиштааст, ки Сӣ Ҷинпин ба идомаи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон таъкид карда, гуфтааст, ҳамеша омодаи кумак барои ҳифзи истиқлол ва амният дар ин кишвари ҳамсоя аст.
Ду ҷониб нақшаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ миёни ду кишварро имзо кардаанд.
Сӣ Ҷинпин гуфтааст, ки барои рушди босуръати Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард.
Рӯзи гузашта сомонаи президенти Тоҷикистон низ дар бораи ин мулоқот хабар дода буд.
Чин солҳои охир ба яке аз сармоягузорони бузурги иқтисоди Тоҷикистон табдил шудааст. Соли гузашта сатҳи гардиши тиҷорати хориҷии ду кишвар аз марзи 1,5 миллиард доллар гузашта буд. Бахши асосии қарзии хориҷии Тоҷикистон низ аз Чин аст.
Намояндагони созмонҳои мухолифин пайваста ҳукумати Тоҷикистонро барои вобастагии шадид аз Чин танқид мекунанд, аммо мақомот мегӯянд, дар муносибат бо кишварҳо "ҳадди" худро медонанд.