Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таниш миёни Амрико ва Русия дар нишасти Шӯрои Амният бар сари бӯҳрони Украина


Таниш миёни Амрико ва Русия бар сари ҷобаҷой шудани нерӯҳои русӣ дар наздикии марзи Украина, боиси таниш миёни Маскав ва Вашингтон дар нишасти Шӯрои Амнияти СММ шуд. Дар ин нишаст, ки рӯзи 31-уми январ баргузор шуд, ҷонибҳо якдигарро ба иқдомҳои "таҳрикомез" айбдор карданд.

Русия натавонист монеи баргузории ин нишасти Шӯрои Амният шавад. Ин нишаст бо дархости Амрико дар робита ба ончи Вашингтон "таҳдидҳои Маскав алайҳи сулҳ ва амнияти байналмилалӣ" номидааст, баргузор шуд.

Аз онҷо, ки Русия дар Шӯрои Амнияти СММ ба ҳамроҳи ИМА, Чин, Фаронса ва Бритониё аз ҳаққи вето бархӯрдор аст, ин Шӯро метавонад танҳо имкони баҳс ва гуфтугӯ миёни тарафҳоро фароҳам оварад.

Линда Томас-Гринфилд, сафири ИМА дар СММ ба Шӯрои Амният гуфт, "таҳдид ба ҳамла дар марзи Украина, таҳрикомез аст. Ин амал аз сӯи Русия сурат мегирад, на аз ҷониби мо ё дигар аъзои ин Шӯро".

Хонум Линда Томас-Гринфилд дар идомаи суханони зуд Русияро муттаҳам кард, ки бо ҷобаҷо кардани беш аз сад ҳазор нерӯи низомӣ дар марзи Украина, дар садади "амалиёти низомӣ алайҳи Украина" аст. Ӯ сипас гуфт, ки ИМА далелҳое дар даст дорад, ки нишон медиҳад Маскав ният дорад дар чанд рӯзи оянда 30 ҳазор нерӯи низомӣ дар Белорус ҷобаҷо кунад.

Аз тарафи дигар, Василий Небензия, сафири Русия дар СММ таъкид кард, "ҳеҷ далеле" вуҷуд надорад, ки нишон диҳад, Русия барномаи ҳамла ба Украинаро дорад. Оқои Небензия изҳор дошт, "ҳамкорони ғарбии мо аз зарурати коҳиши таниш суҳбат мекунанд. Аммо бо ин вуҷуд, пеш аз ҳама онҳо худашон ба танишҳо ва ҷанҷолҳо доман мезананд".

Вай афзуд, "баҳс дар мавриди таҳдиди ҷанг ба худии худ амре таҳрикомез аст. Шумо ба навъе худатон хостори ин амр ҳастед ва мехоҳед чунин чиз рух диҳад. Шумо мунтазиред, ки ин кор рух диҳад, то ба ин тартиб, ҳарфҳоятон ба воқеият табдил шавад".

Ин дипломати баландояи рус ҳамчунин гуфт, ки Маскав аз баҳс дар бораи Украина тарсе надорад, аммо сабаби баргузории ин нишастро намефаҳмад.

Мақомоти амрикоӣ пеш аз ин борҳо ба Русия ҳушдор додаанд, ки ҳамлаи ин кишвар ба Украина паёмадҳои сахти иқтисодӣ барои Маскав хоҳанд дошт.

Русия ҳамеша гуфтааст, ки қасди ҳамла ба Украинаро надорад. Маскав ҳамзамон аз Ғарб чандин дархости амниятӣ доштааст, аз ҷумла, напайвастани Украина ба НАТО.

Амрико ба таври ошкоро эълон кардааст, ки хостаҳои Русия аз НАТО дар ин бора қобили қабул нест, аммо омодаи гуфтугӯ дар бораи мавзӯъҳои дигар, аз ҷумла, назорати силоҳҳо ва эътимодсозӣ аст.

XS
SM
MD
LG