Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки дар даргирии шоми гузашта миёни марзбонони тоҷику қирғиз дар сарҳади Исфара ва Бодканди Қирғизистон, ду нафар аз ҷониби Тоҷикистон ҷон бохтанд. Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон шумораи захмиёнро 10 нафар гуфт, ки 6 нафари онҳо низомӣ ва 4 нафарашон мардуми оддӣ мебошанд.
Осори ҷанг дар марз дар деҳаи Хоҷаи Аъло
Дар натиҷаи ҷанг байни марзбонони тоҷику қирғиз дар деҳаи марзии Хоҷаи Аълои Исфара дасти кам 10 хона осеб дидааст.

1
Хонаи осебдида дар натиҷаи тирандозӣ бо минамёт.

2
Дар маҷмуъ на камтар аз даҳ хона осеб дидаанд.

3
Хонаи дигаре, ки аз тири минамёт эмин намондааст.

4
Дар натиҷаи ҳамла ба ин мошини ёрии таъҷилӣ ронандаи он ва маъмури тиббӣ ба ҳалокат расид.
Бахшҳо
- Тоҷикистон
- Ҷаҳон
- Сиёсат
- Иқтисод
- Фарҳанг
- Ҳамватан
- Варзиш
- Видео
- Блогистон
- Осиёи Марказӣ
- Ҷомeа
- Гузоришҳои радиоӣ
- Ҳодиса
- Назарҳо ва боварҳо
- Озодӣ Онлайн
- Баъд аз гузориши Озодӣ
- Гапи Озод
- Салом, хоҳар
- Рӯзгори муҳоҷир