Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба дархостҳои Русия посухи хаттӣ дод ва талаби напайвастани Украина ба НАТО-ро рад кард


Antony Blinken
Antony Blinken

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи чаҳоршанбеи 26-уми январ ба дархостҳои амниятии Русия посухи хаттӣ дод. Ин дар ҳоле аст, ки Русия размоишҳои низомии худро дар наздикиҳои марзи Украина оғоз кардааст.

Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико гуфт, ин санадро Сафири ИМА дар Маскав шахсан ба мақомоти Русия супурдааст. Вай афзуд, ки "ин посух як гоми дипломатии ҷиддӣ барои ҳаракат ба пеш аст, албатта агар Русия ин роҳро интихоб кунад".

Вазири корҳои хориҷии Амрико изҳор доштааст, ин санад ҳамакнун дар ихтиёри Русия аст ва ба истилоҳ "тӯб дар майдони онҳост". Оқои Блинкен гуфтааст, ки тасмими кишвараш дар бораи баррасии узвияти Украина дар НАТО иваз нашудааст ва бо вуҷуди фишорҳои Русия, ният надорад аз тасмими худ дар ин бора даст бикашад.

Вашингтон ба таври ошкоро эълон кардааст, ки талаби Русия аз НАТО дар бораи бораи ақибнишинии нерӯҳо ва берун кардани силоҳҳои он аз Аврупои шарқӣ ва мамониат аз узвияти Украина дар ин паймони низомӣ, ҳеҷ шонсе барои пазируфтан надорад. Амрико ҳамзамон гуфтааст, омодаи музокира дар бораи мавзуъҳои дигар аст.

Вокуниши Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ба посухҳои Амрико, ҳалкунанда хоҳад буд. Он ҳам дар шароите, ки Русия ҳудуди 100 ҳазор нерӯи низомии худро дар наздикии марзи Украина ҷобаҷо кардааст.

Бо ин ҳол, чанд соат қабл аз ин изҳороти Энтони Блинкен, ҳамтои руси ӯ Сергей Лавров дар нишасти Думаи давлатии Русия гуфт, ки пас аз дарёфти посухи хаттии ҳукумати Амрико ба дархостҳо ва шартҳои Русия, ӯ ва дигар мақомоти баландпояи кишвар дар ин бора бо Владимир Путин машварат хоҳанд кард.

Лавров афзуд, "агар Ғарб ба иқдомоти душманонаи худ идома диҳад, Русия чораҳои интиқомҷӯёнаи заруриро анҷом хоҳад дод. Русия то абад исрор хоҳад кард ва ҳозир нест, тасмимгирӣ дар бораи ин шартҳо, ба гуфтугӯҳои бепоён мубаддал шавад".

Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ки ҳамлаи Русия ба Украина "қарибулвуқӯъ" аст ва аз паёмадҳои вазнини иқтисодии он ба Маскав ҳушдор додаанд. Кремл аммо мегӯяд, нияти ҳамла ба кишвари ҳамсояи худро надорад.

XS
SM
MD
LG