Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номи 6 шаҳрванди фавтидаи Тоҷикистон дар Русия маълум шуд. "Як нафари дигар бистарист"


Тобути як муҳоҷири тоҷик дар Фурудгоҳи Душанбе. Акс аз соли 2019
Тобути як муҳоҷири тоҷик дар Фурудгоҳи Душанбе. Акс аз соли 2019

Ҳувияти шаш муҳоҷири тоҷик, ки бар асари заҳролудшавӣ дар Волгогради Русия ҷони худро аз даст додаанд, маълум шуд. Онҳо зодагони ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангир) ва Бохтари вилояти Хатлон ва аз 20 то 37-сола будаанд.

Аз шаҳрвандони фавтидаи тоҷик

  • Қобилҷон Файзиддинов (2001)
  • Қосимҷон Файзиддиннов (2002)
  • Нуриддин Файзиддинов (1985)
  • Саидакрам Кабутов (2000)
  • Идибек Соломов (1992)
  • Муҳаммадҷони Раҳмоналӣ (2000) ном бурда мешавад.

Саидаҳмад Маҳмадов, раиси "Ҷамоати тоҷикони Волгоград", рӯзи 26-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, муҳоҷирони тоҷик дар гармхонаи як хоҷагии деҳқонӣ дар шаҳраки Рахинка кор мекарданд ва бар асари заҳролудшавӣ фавтиданд. Ҳодиса шаби 25 ба 26-уми январ рух додааст.

"Дар онҷо як генератор будааст. Газ хориҷ мешавад. Яке аз муҳоҷирон хостааст, аз гармхона ароба бигирад ва нафасгир шуда афтодааст. Муҳоҷири дигар барои дидани ӯ омада, заҳролуд мешавад. Ҳамин тавр, шаш нафар вориди гармхона шуда, нафасгир мегарданд," – нақл кард ӯ.

Ба қавли Маҳмадов, нафари ҳафтум тавонистааст, наҷот ёбад ва ҳоло дар шифохона бистарист.

Мақомоти Русия мегӯянд, дар пайванд ба марги шаш муҳоҷири тоҷик парванда кушода, ба таҳқиқи ҳодиса шуруъ карданд. Ба иттилои онҳо, шаҳрвандони Тоҷикистон ба таври қонунӣ кор мекарданд, вале "меъёрҳои бехатариро дар ҳудуди гармхона риоя нанамудаанд".

Русия мизбони асосии муҳоҷирони кории тоҷик аст. Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон омори муҳоҷиронро дар Русия камтар аз ним миллион нафар мегӯянд, мақомоти Русия ин оморро бештар аз як миллион нафар медонанд.

Ҳар сол садҳо тобути муҳоҷиронро аз Русия ба ватан меоранд. Соли 2020, ба сабаби пандемия ва баста будани роҳҳои заминиву ҳавоӣ, тобути 300 нафарро оварданд. Сабаби марги онҳо куштор, беморӣ ва садамаву тасодуф гуфта мешавад.

Мухолифон ва ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон ҳамвора мақомоти Тоҷикистонро барои бетаваҷҷуҳӣ ба тақдири шаҳрвандон дар Русия гунаҳкор мекунанд. Мақомот мегӯянд, вазъ он тавре нест, ки тасвир мешавад.

XS
SM
MD
LG