Иқтисоди Тоҷикистон қариб ба $9 млрд. расид?
Дар бораи 9,2 дарсад рушд кардани Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии Тоҷикистон дар бораи 2021, нахуствазир рӯзи 20-уми январ дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумат хабар дод. Ба гуфтаи Қоҳир Расулзода, Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ҳоло қариб ба 99 миллиард сомонӣ ё наздик ба 9 миллиард доллар расидааст. Иқтисоддонҳои наздик ба мақомот ба дурустии ин омор таъкид доранд.
Аброр Мирсаидов, муовини мудири Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демография мегӯяд, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ дар кишвар соли гузашта зиёд шуда, қариб 40 дарсади ММД-ро ташкил кард. Мақомоти Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли гузашта аз афзоиши чашмгири содирот хабар дода буданд. Бахши асосии содирот ба гуфтаи мақомот, фурӯши металҳои гаронбаҳо аст. Маблағи содироти металҳо дар ним сол, ба иттилои Вазорати молия, 709 миллион доллар ё қариб 77 дарсади ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷӣ буд.
Аммо коршиносон сабаби якбора рушди иқтисодро дар дигар чиз шарҳ медиҳанд. Се коршиноси ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфтанд, сабаби рушди “рекордӣ”-и иқтисод ба вазъи пандемия дар соли 2020 рабт дорад.
Видеоро дар инҷо бинед:
Азиз Тимуров, коршиноси масоили иқтисодӣ, мегӯяд, ду соли қаблӣ бо хуруҷи бемории COVID-19 иқтисоди Тоҷикистон поин рафт. Ба ин хотир, Тимуров мегӯяд, ҷои ҳайрат нест, ки дар соли 2021 нишондиҳандаҳои иқтисодӣ боло рафтаанд.
Таҳлилгари дигари масоили иқтисодӣ Абдуманнон Шералиев ҳам ба ин нукта таъкид карда, мегӯяд, соли 2020 суръати рушди Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ҳадди ақал 15-20 дарсад рукуд дошт.
“Камшавии ММД дар соли 2020 мисли кишварҳои дигар ба карантин ва аз кор мондани корхонаҳо ва камшавии ҷойи кор бастагӣ надошт. Балки бастагӣ дошт ба камшавии интиқоли пули муҳоҷирон. Дар соли 2021 интиқоли пули муҳоҷирон хеле афзоиш кард. Аз ин ҳисоб метавон бовар кард, ки аз ин ҳисоби интиқоли пули муҳоҷирон, ки саҳмаш дар иқтисоди кишвар бисёр кам нишон дода мешавад, ММД-и кишвар то 9 дарсад рушд кардааст,” -- гуфт Шералиев.
Моҳи марти соли 2020 Тоҷикистон ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 сарҳадҳои худро баст. Парвозҳо ҳам қатъ шуданд ва аксари муҳоҷирон натавонистанд, барои кор ба хориҷа ва асосан ба Русия раванд. Танҳо моҳи апрели соли 2021 парвозҳо ба Русия оғоз шуд.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, дар 9 моҳи соли гузашта каме бештар аз 2 миллион шаҳрванди Тоҷикистон вориди ин кишвар шудаанд, ки 1,6 миллион нафарашон ҳадафи сафари худро кор гуфтаанд. Пули фиристодаи муҳоҷирон дар 9 моҳи соли гузашта қариб 1,3 миллиард доллар будааст, ки назар ба як соли пеш зиёдтар аст.
Коршинос: таваррумро ҳам бояд ба инобат гирифт
Омори мақомот дар бораи рушди иқтисод ҳамеша аз рақамҳое, ки созмонҳои ҷаҳонии молӣ пешбинӣ мекунанд, зиёд аст. Аз ҷумла, Бонки Ҷаҳонӣ рушди иқтисоди кишварро дар соли гузашта ҳамагӣ 6 дарсад пешбинӣ карда буд ва ҳоло мақомот онро 9,2 дарсад мегӯянд. Баъзе аз таҳлилгарон таъкид доранд, ки барои таҳлили дақиқи эълони мақомот ва санҷидани он маълумоти кофӣ вуҷуд надорад.
Елена Кузмина, иқтисоддон аз Маскав, мегӯяд, маблағи эълонкардаи мақомот на бо доллар, балки бо сомонӣ нишон дода шудааст ва дар инҷо сатҳи таваррумро низ бояд ба назар гирифт. Ба гуфтаи Кузмина, “фикр мекунам, ин воқеан бисёр ҳам нишондоди хеле баланд аст. Рушди нӯҳдарсадаи иқтисоди Тоҷикистон бисёр ҳайратовар аст."
Тафсилоти бештарро дар бораи рушди воқеии ММД-ро метавон дар моҳи апрел фаҳмид, вақте, ки Бонки Ҷаҳонӣ гузоришашро нашр мекунад.
Оё зиёданависӣ ҷой дорад?
Ҳадди ақал дар даҳ соли охир мақомот ҳамеша суръати рушди солонаи иқтисодро на кам аз 7 дарсад эълон кардаанд. Албатта, ба истиснои соли 2020, ки бо сабаби пандемия ва маҳдудиятҳо, мақомот рушди иқтисодро 4,5 дарсад гуфтанд. Изҳороти мақомот дар бораи ҳамасола беш аз 7 дарсад рушд кардани иқтисод борҳо баҳси зиёданависиро ба миён овардааст. Мақомот дар гузоришҳояш баъзе ҳолатҳои зиёданависиро тасдиқ мекунанд, аммо фарогир будани ин равандро қабул надоранд.
Ҳукумати Тоҷикистон умед дорад, соли 2022 суръати рушди иқтисоди кишварро дар сатҳи на кам аз 8 дарсад нигоҳ медорад. Аммо Бонки Ҷаҳонӣ бо назардошти пайомадҳои пандемия суръати рушдро ҳамагӣ 5 дарсад пешбинӣ кардааст. Таҳлилгарони мустақил таъкид мекунанд, ки чӣ қадар рушд кардани иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон бештар ба пандемия ва ҷорӣ шудан ё нашудани маҳдудиятҳо вобаста аст.