Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистонро баҳс кардаанд


Мулоқот баъди он сурат гирифт, ки 20-уми январ шаҳрвандони Қирғизистон ба сӯйи як мошини боркаши сокини Тоҷикистон санг партофтанд
Мулоқот баъди он сурат гирифт, ки 20-уми январ шаҳрвандони Қирғизистон ба сӯйи як мошини боркаши сокини Тоҷикистон санг партофтанд

Раисони шаҳри Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон рӯзи 23-юми январ дар атрофи деҳаи Оқсой дидор кардаанд.

Мулоқоти онҳо баъди он сурат гирифт, ки рӯзи 20-уми январ шаҳрвандони Қирғизистон ба сӯйи як мошини боркаши сокини Тоҷикистон санг партофтанд. Дар ин ҳодиса, ба гуфтаи мақомоти тоҷик, мошини Насруллобек Асламов ва худи ӯ осеб дидаанд. Ҷониби Қирғизистон гуфт, ҳодисаро таҳқиқ доранд, вале осеб дидани ронанда дуруст нест.

Зубайдулло Шомадов, сухангӯйи раиси Исфара, рӯзи 24-уми январ гуфт, дар мулоқот "асосан мавзӯи сангборон шудани мошини "Камаз" ва сохтмони биноҳои ғайриқонунӣ дар деҳаҳои марзӣ" баррасӣ шуд.

Расонаи қирғизии "Turmush" мегӯяд, дар мулоқот "пешгирӣ аз амалҳои иғвоангезона, барқарории дӯстии миёни ду халқ ва роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолии деҳаҳои наздимарзӣ" низ муҳокима шуд.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970 километр марз дорад, ки ҳамагӣ 519 километри он аломатгузорӣ шудааст.

Ба далели мушаххас набудан ва аломатгузорӣ нашудани марз байни сокинони наздимарзии ду кишвар, бо баҳонаҳои гуногун, низоъ сар мезанад. Дар низои хунин, ки аз 28-уми апрел то 1-уми майи соли 2021 рӯй дод, 36 шаҳрванди Қирғизистон ва 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаву аз ду ҷониб даҳҳо кас маҷруҳ гардид. Ду ҷониб якдигарро дар сар задани низоъ гунаҳкор донистанд.

XS
SM
MD
LG