Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон шумораи гирифторон ба КОВИД-19 дар се рӯз ба 85 тан расид


Яке аз бемористонҳои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.
Яке аз бемористонҳои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар се рӯзи гузашта 85 ҳолати гирифторӣ ба бемории COVID-19 сабт шудааст. Вале маълум нест, онҳо ба омикрон, навъи ҷаҳишёфтаи бемории ҳамагир, мубтало шудаанд ё навъҳои дигари он.

Мақомоти Тоҷикистон баъд аз моҳҳо танаффус, рӯзи 21-уми январи имсол, дар бораи бозгашти бемории ҳамагир ба кишвар хабар доданд. Ҳарчанд Радиои Озодӣ Озодӣ ҳанӯз рӯзи 12-уми январ маълумоте пайдо кард, ки чандин нафар ба COVID-19 мубтало ҳастанд.

Вазорати тандурустӣ то рӯзи 21-уми январ аз пахши омори беморон худдорӣ мекард. Ба итилои расмӣ, аз оғози пандемия дар Тоҷикистон 17180 нафар бемор шуда, 124 кас ҷон бохтаанд.

Айни замон дар кишвар мардуми зиёде ба бемориҳои роҳҳои нафас, ба мисли сармохӯрдагӣ гирифторанд, ҳарчанд мегӯянд, беморӣ сабук ва зуд мегузарад. Аз ин рӯ, мутахассисон ба омори Вазорати тандурустӣ дар бораи сирояти ками беморӣ дар миёни мардум шубҳа доранд.

XS
SM
MD
LG