Як сарбози неруҳои марзбонии Тоҷикистон ҳангоми хидмат ба ҳалокат расидааст. Наздикони ӯ мегӯянд, Миралӣ Боқиеви 20-сола зимни ҷанҷол барои болопӯши зимистонаи ҳарбӣ ё "бушлат" аз тарафи сарбози дигар латукӯб шудааст. Намояндагони неруҳои марзбонӣ воқеаро шарҳ намедиҳанд.
Ҷасади Миралӣ Боқиев рӯзи 19-уми январ дар зодгоҳаш, деҳаи Филмандари шаҳри Панҷакент, ба хок супурда шуд. Наздиконаш мегӯянд, Миралӣ моҳи майи соли гузашта ба хидмати ҳарбӣ даъват шуда буд ва намояндагони қисми ҳарбӣ ба онҳо гуфтаанд, вай дар натиҷаи латкӯби бераҳмона ба ҳалокат расидааст.
Ҷамшед Гулаҳмадов, фармондеҳи қисми ҳарбии “05 07”-и ноҳияи Ҳамадонӣ рӯзи 21-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, волидони Миралӣ Боқиевро ба қисми ҳарбӣ даъват кардаанд, "то омада сабаби марги фарзандашонро фаҳманд". Фармондеҳ дар мавриди сабаби марги сарбоз ҷузъиёт надод.
Файзалӣ Боқиев, бародари сарбози фавтида ҳам гуфт, намояндагони хонадони онҳо барои дақиқ кардани сабаби марги Миралӣ ба қисми ҳарбии ноҳияи Ҳамадонӣ сафар мекунанд.
Ба гуфтаи Файзалӣ Боқиев, ҳарчанд намояндаи қисми ҳарбӣ сабаби марги бародари ӯро, муноқиша барои либос гуфтааст, аммо онҳо бовар надоранд ва мехоҳанд дақиқ кунанд, ки бар сари Миралӣ чӣ омадааст.
“Мо фарзандамонро сиҳат саломат ба хизмат мефиристем бинед ба чӣ ҳол овардаанд. Вай ҳамагӣ як сол хизмат кардааст ва як сарбозе ки хизматро ба поён мерасонидааст, мехостааст, бушлати ӯро соҳиб шавад. Барои ин муноқиша мешавад ва бо зарбаҳои зиёд дар дилаш дар беморхона фавтидааст, ”- афзуд ҳамсуҳбати мо.
Зафар Ёров, раиси маҳаллаи Филмандари Панҷакент мегӯяд, Миралӣ дар оила фарзанди аз ҳама хурд буд ва моҳи майи соли гузашта ӯро ба артиш бурданд.
Ҳомиёни ҳуқуқи сарбозон дар Тоҷикистон мегӯянд, дар аксар ҳолат дар қисмҳои ҳарбӣ наваскарон мавриди латукӯб ва зӯроварӣ қарор мегиранд. Муносибати ғайриоинномавӣ дар қисмҳои низомӣ, ба гуфтаи онҳо, ба як раванди маъмулӣ табдил шудааст. Мақомот мегӯянд, солҳои охир назорат дар қисмҳои ҳарбӣ сахттар ва мавридҳои бадрафторӣ дар муқоиса бо гузашта камтар шудааст.
"Ин як навъ шиносоии бераҳмона аст. Анъанаест, ки аз зиндон ба артиш гузаштааст ва онро "пазироӣ" меноманд", -- гуфта буд Дилрабо Самадова, роҳбари Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, ки ба ҳифзи ҳуқуқи сарбозон машғул аст.
Ба гуфтаи Самадова, "дар як сол аз 10 то 15 парвандаи ҷиддӣ ба мисли ба худкушӣ расондан ва куштори сарбозонро дорем. Ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки сарбоз бояд ба иллати осеби ҷиддӣ гирифтан дар қисми ҳарбӣ нигоҳ дошта нашавад. Фикр мекунам, қазияву парвандаҳои зиёди дигар дар чаҳордевори қисмҳои ҳарбӣ нигаҳ дошта мешаванд."
Исботи далели "меҳтарсолорӣ" ё бадрафторӣ ба навсарбозон, ба қавли Дилрабо Самадова, душвор буда, ҳатто дар ҳолати марги сарбоз низ кам рух медиҳад, ки шахси гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.