Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Популизме беш нест". Як вокуниш аз Тоҷикистон ба изҳороти президенти Қирғизистон


Марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Сухангӯи шаҳрдори Исфара ба изҳороти Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон дар бораи ба иҷора додани як роҳ вокуниш карда гуфтааст, "амалкарди Ҷабборов популизме беш нест".

Содир Ҷабборов рӯзи 17-уми январ дар суҳбат бо нашрияи “Вечерний Бишкек” гуфт, протоколи қаблан имзошуда дар бораи ба иҷора додани роҳ ба Қирғизистонро эътироф намекунад. Бино бар ин санад, ки соли 2009 миёни дабирони Шӯрои амнияти Тоҷикистон Қирғизистон имзо шуд, ҷониби Тоҷикистон қитъаи роҳеро бо дарозии 275 метр дар самти Ӯш-Бодканд-Исфана ба муддати 49 сол ба Қирғизистон иҷора додааст.

Зубайдулло Шомадов, сухангӯи шаҳрдори Исфара, минтақаи ҳаммарз бо Қирғизистон рӯзи 21-уми январ бо пахши изҳороте дар саҳифаи фейсбукиаш навишт, “натанҳо ин 275 метр роҳи ба иҷорадодашуда, балки ҳамаи заминҳои атрофи деҳоти Чоркӯҳу Воруху Сурх бебаҳс ба Тоҷикистон тааллуқ доранд.”

Сухангӯи шаҳрдори Исфара навиштааст, барои исботи ин гуфтаҳо “санаду фактҳои раднавшандаи таърихӣ” мавҷуд ҳастанд ва бояд ба харитаҳои то соли 1956 назар кард.

Вале мақомоти Қирғизистон аз ҷумла раиси ҷумҳури ин кишвар мегӯянд, имзои протокол дар бораи ба иҷора гирифтани роҳ хилофи манофеи ин кишвар аст. Содир Ҷабборов дар мусоҳиба бо нашрияи “Вечерний Бишкек” гуфтааст, агар ин протоколро қабул кунанд, пас ноҳияи Лейлак пурра ба анклав табдил меёбад.

Роҳе, ки миёни Тоҷикистону Қирғизистон баҳси навро эҷод кардааст, аз миёни ҷамоати Чоркуҳи шаҳри Исфара мегузарад. Ин роҳест, ки ноҳияҳои Исфана, Лейлак ва шаш деҳаи дигари Қирғизистон аз ҷумла Самарқандак ва Борбордуқро ба вилояти Ботканд пайваст мекунад. Раиси ҷумҳури Қирғизистон иддао кардааст, ки дар бораи ин протокол танҳо зимни сафараш ба Душанбе огоҳ шуд ва Адахон Мадумаров ҳаққи имзои ин санадро надошт. Мадумаров, собиқ дабири Шӯрои амнияти Қирғизистонро ба пурсиш даъват кардаанд.

Худи Мадумаров ва бархе расонаҳои Қирғизистон мегӯянд, Содир Ҷабборов масъалаи марзро барои манфиатҳои сиёсии худаш сӯистифода мекунад.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970 километр марзи муштарак дорад, ки ҳамагӣ 519 километри он аломатгузорӣ шудааст.

Ба далели мушаххас набудан ва аломатгузорӣ нашудани марз байни сокинони наздимарзии ду кишвар, бо баҳонаҳои гуногун, низоъ сар мезанад. Дар охирин низоъ, ки рӯзҳои 28 апрел то 1 майи соли гузашта рух дод, 36 шаҳрванди Қирғизистон ва 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаву аз ду ҷониб бештар аз 200 кас маҷруҳ гардид. Ду ҷониб якдигарро дар сар задани низоъ гунаҳкор донистанд.

XS
SM
MD
LG