Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ки дар пайи ҳодисаҳои аввали январ дар ин кишвар 227 нафар, аз ҷумла 19 корманди ҳифзи ҳуқуқ кушта ва 12 ҳазор кас боздошт шудааст. Бисёре аз хешовандони боздоштшудаҳо ҳарос доранд, ки ба азизонашон туҳмат мешавад.
Ёрмек Абдурешев яке аз онҳоест, ки пас аз тазоҳуроти саросарии зиддиҳукуматӣ дар Қазоқистон дастгир шудаанд. Падараш мегӯяд, писараш бо чашмони баста бо вакил мулоқот кард.
“Боздошти марде бо ин аҳвол тасаввурнопазир аст. Агар гунаҳкор аст, ба зидди ӯ парванда боз кунанд, агар ҷинояткор аст, муҳокима кунанд, вале аввал бояд муолиҷа шавад. Ҳатто дар замони ҷанг маҷруҳонро аввал табобат ва баъд муҳокима мекарданд. Ман инро намефаҳмам,” -- Йеркин Абдурешев, падари Ёрмек Абдурешев.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Доғҳои тазоҳурот, ки сабаби боздоштҳои оммавӣ шуд, дар Алмаато, бузургтарин шаҳри Қазоқистон, ҳанӯз дида мешаванд. Тазоҳурот ба зидди болоравии қимати маводи сӯхт аввал осоишта буд, вале баъдан ба бархӯрд бо маъмурони амниятӣ кашид.
Серик Шалобоев, намояндаи додситонӣ, мегӯяд, “гуруҳҳои тафтишотӣ 546 парвандаи ҷиноӣ, аз ҷумла 44 парвандаи терроризм, 34 парвандаи бетартибии оммавӣ ва 15 парвандаи кушторро баррасӣ мекунанд.”
Мақомоти Қазоқистон тазоҳуротро кори дасти террористони хориҷӣ номида, амр доданд, бе огаҳӣ онҳоро бикушанд.
Ҳю Вилямсон аз Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфт, “ҳукумат ривояти терроризм ва мисли онро пеш овардааст, вале ҳеч далеле дар бораи ин таҳдиди терроризми байналмилалӣ наовардааст. Маълум аст, ки камаш 200 ғайринизомӣ кушта шудаанд. Онҳо ягон иттилое дар бораи чарову чӣ гуна кушта шудани ин мардум наовардаанд. Ба андешаи мо барои ин таҳқиқи мустақилона зарур аст.”
Йерлан Ҷагипаров, яке аз ҳалокшудагон дар нооромиҳои Алмаато аст. Хонаводааш мегӯяд, ки ҷасади тирхӯрда ва завлона дар дасти ӯро дар сардхона ёфтанд.
“Дар шикамаш ва назди дилаш захми тир буд. Дастонаш шикаставу овезон буданд. Пеш аз марг ӯро шиканҷа кардаанд. Мо талаб дорем, қатли бародари моро тафтиш кунанд,” – нақл кард Нурлан Ҷагипаров, бародари Йерлан Ҷагипаров.
Гуруҳе аз хешовандони нигарон дар назди боздоштгоҳи Алмаато ҷамъ омада, ҷӯёи хатту хабаре дар бораи азизони боздоштшудаашон ҳастанд. Баъзе ноумед шудаанд.
Нооромиҳое, ки Қазоқистонро аввали моҳи январ такон дод, дар таърихи 30-солаи истиқлоли ин кишвари саршор аз нафту гази Осиёи Марказӣ дида нашуда буд. Мақомот мегӯянд, назму тартиб барқарор шуд, вале барои иддае зиндагӣ дигар мисли пешин нахоҳад буд.