Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид рӯзи душанбеи 17-уми январ ҳушдор дод, ки миллионҳо нафар аз мардуми Афғонистон дар рӯбарӯи "хатари марг" қарор доранд. Антонио Гуттериш аз ҷомеаи байналмилалӣ хост, ки дар ҷамъоварии панҷ миллиард доллар кӯмаки молӣ барои фаъолиятҳои башардӯстона дар Афғонистон ёрӣ кунанд, захираҳои пулии бандмондаи Афғонистонро озод намоянд ва ба фаъолиятҳои бонкӣ дар ин кишвар кӯмак кунанд.
Ӯ дар як нишасти хабарӣ афзуд, банд мондани дороиҳои Афғонистон ва сармои сахти зимистон барои мардуми ин кишвар душвориҳои зиёдеро пеш овардааст. Ӯ талаб кард, муқаррароте, ки барои фиристодани пул ба Афғонистон ҷорӣ шудааст, ба хотири наҷоти ҷони мардум ба таъхир гузошта шавад.
Иқтисоди заифи Афғонистон, ки ба кӯмакҳои берунӣ вобаста аст, бо тасарруфи қудрат аз тарафи Толибон дар моҳи августи соли гузашта, ба фурӯпошӣ рӯбарӯ шудааст. Ҷомеаи байналмилалӣ, ки ҳукумати Толибонро ба расмият нашнохтааст ва ҳозир нест бо ин гурӯҳ ҳамкорӣ кунад, аз фиристодани ҳар пуле, ки ба дасти ҳукумат бирасад, пешгирӣ мекунад.
Ба тахмини СММ дастикам 7,8 миллион нафар дар Афғонистон бо гуруснагӣ рӯбарӯ ҳастанд. Оқои Гуттериш таъкид кард, "барои пешгирӣ аз фурӯпошии комили иқтисод ва фақр, гуруснагӣ ва мусибатҳои бештари мардуми Афғонистон", ҳарчи зудтар бояд пули нақд ба иқтисоди ин кишвар гузаронида шавад.
Дабири кулли СММ афзуд, "давлати Амрико вазифаи муҳиме бар ӯҳда дорад, чун аксари сомонаҳои байналмилалии нақлу интиқоли пул бо доллар кор мекунанд ва ҳудуди ҳафт миллиард доллар пули хориҷии Афғонистон, ки банд мондааст, дар Амрико мебошад" .
Қарор аст рӯзи ҷумъаи оянда ҳамоҳангкунандаи фаъолиятҳои башардӯстонаи СММ, раиси Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар як нишасти онлайнӣ бо Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, гуфтугӯ кунанд.
Антони Гуттериш гуфт, "яке аз сабабҳои ин гуфтугӯ, талош барои таъсиси як механизми муассир барои гузаронидани пул ба иқтисоди Афғонистон ва дар айни ҳол фароҳам кардани шароите аст, ки низоми молии Афғонистон битавонад бо пули миллии ин кишвар фаъолият кунад".
Дабири кулли СММ афзуд, "бояд шароите фароҳам шавад, ки кормандони бахшҳои умумӣ, мисли коркунони бахши тандурустӣ, маориф, хадамоти шаҳрӣ ва коркунони ниҳодҳои давлатӣ битавонанд маоши моҳонаи худро дарёфт кунанд".
Ба гуфтаи оқои Гуттериш, Бонки ҷаҳонӣ моҳи гузашта 280 миллион доллар аз манбаъҳои молии вобаста ба тарҳҳои бозсозии Афғонистонро, ки дар ихтиёри ин бонк буд, ба ниҳодҳои СММ, аз ҷумла ЮНИСЕФ ва Барномаи ҷаҳонии ғизо, вогузор кард.
Дабири кулли СММ афзуд, "умедворем боқимондаи ин маблағ, ки ҳудуди як миллиарду 200 миллион доллар аст, дар ихтиёри барномаҳои башардӯстона барои кӯмак ба мардуми Афғонистон дар шароити сахти зимистон қарор бигирад".
Оқои Гуттериш ҳамзамон бо дархости кӯмак аз ҷомеаи байналмилалӣ, аз раҳбарони Толибон низ хост "ҳуқуқи асосӣ ва машруи мардуми Афғонистонро ба расмият шинохта, ба ҳуқуқи занон ва ақалиятҳои қавмӣ эҳтиром бигузоранд ва ниҳодҳои ҳукуматиро бо дарназар гирифтани оро ва тамоюли ҳама мардуми Афғонистон ташкил диҳанд".
Ӯ афзуд, "дар саросари Афғонистон занон ва духтарон аз ҳаққи кор ва таҳсил маҳрум шудаанд. Ҳеҷ кишваре бо нақзи ҳуқуқи ниме аз аҳолии худ пешрафт нахоҳад кард".