Тоҷикистон гуфтааст, ки аз Чин дар баргузории "бехатар" ва "муваффақона"-и Бозиҳои зимистонаи олимпӣ-2022, "қатъиян" пуштибонӣ мекунад. Бархе кишварҳо, аз ҷумла Амрико аз фиристодани мақомоти расмии худ ба Бозиҳои олимпии зимистона-2022 дар Чин ба хотири "ҷиноятҳо"-е, ки ҳукумати ин кишвар алайҳи башарият анҷом додааст, худдорӣ мекунад. Қарор аст ин Бозиҳо аз 4 то 20 феврали соли 2022 дар шаҳри Пекин баргузор шаванд.
Хабаргузории давлатии "Ховар" рӯзи 12-уми январ бо такя ба Маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва бо истинод ба раиси ин ниҳод Саймумин Ятимов навишт, ки "вазъи феълии минтақа ноустувор буда, таҳдидҳои террористӣ, ки аз марказҳои дахлдор бармеоянд, ба амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ ва минтақаи ғарбии Чин пайваста таҳдид мекунанд, ки барои Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2022 дар Пекин таҳдиди фаврӣ аст".
Дар ин хабари Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дақиқан гуфта нашудааст, ки "марказҳои дахлдор"-и таҳдидҳо кадомҳо ҳастанд ва чигуна ба Бозиҳои олимпӣ "таҳдиди фаврӣ" мебошанд.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳамчунин гуфтааст, ки варзишгарони тоҷик ва ҳайати Тоҷикистон дар вақти муқарраршуда дар Олипиада иштирок мекунанд ва КДАМ барои рафъи таҳдидҳои эҳтимолӣ дар амри таъмини амнияти варзишгарони тоҷик ва ҳайати кишвар дар ин Бозиҳо, "чораҳои зарурӣ меандешад".
Мавзуи иштирок кардан ва ё накардан дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ-2022 дар Чин, ахиран ба як баҳси калон табдил ёфтааст. Дар оғози моҳи декабри соли гузашта Пекин таҳдид карда буд, ки таҳрими дипломатии Бозиҳои олимпии зимистона-2022, бо вокуниши онҳо рӯбарӯ хоҳад шуд.
Ин таҳдид ба суханони Ҷо Байден, президенти Амрико буд, ки гуфт, дар ҳоли баррасии таҳрими ин бозиҳо ба хотири нақзи ҳуқуқи башар дар Чин, аз ҷумла ба гуфтаи Вашингтон, "наслкуши ақалияти мусалмон дар Шинҷон", аст.
Баъдан ИМА эълон кард, ки дар бозиҳои моҳи феврал дар Пекин, ки аз сӯи роҳбари Чин Си Ҷинпин кушода мешавад, президенти ИМА Ҷо Байден ва мақомдорони дигари баландпояи амрикоӣ ширкат намекунанд. Ҳамчунин дипломатҳо низ ба Чин намераванд: миёни ширкатдорони ҳайати ИМА танҳо варзишкорон ва мураббиён хоҳанд буд.
Ҷен Псаки, сухангӯи Кохи Сафед дар бораи ин тасмими кишвараш гуфт, "ҳукумати Байден ба хотири наслкушӣ ва ҷиноят алайҳи башарият дар минтақаи Шинҷон ва дигар мавридҳои нақзи ҳуқуқи башар, ҳеҷ намояндаи расмӣ ё дипломатӣ ба Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии зимистонаи 2022 дар Чин, нахоҳад фиристод.
Вай афзуд, "фиристодани намояндаи расмӣ ё дипломатӣ ба ин мусобиқа ба маънои он хоҳад буд, ки мо нисбат ба амалкардҳои Чин дар нақзи ҳуқуқи башар ва ҷиноятҳо дар Шинҷон, бетафовут ҳастем ва бархурди оддӣ дорем, дар ҳоле ки чунин нест".
Аммо Чжао Литсзян, намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Чин гуфт, "рафтори ИМА ба таври ҷиддӣ муоҳидаи Олимпиро дар мавриди бетарафии сиёсии варзиш вайрон мекунад".
Чанд рӯз пеш Ҷумҳурии Мардумии Демократии Корея эълон кард, ки наметавонад дар Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ дар Пекини Чин ширкат кунад. Ба навиштаи расонаҳо, Кореяи Шимолӣ варзишгарони худро ба далели "амалиёти қувваҳои душманона" ва пандемияи коронавирус ба Олимпиада намефиристад.
Ҳамчунин чанд рӯз қабл Шӯрои байналмилалии имомон -- як созмони ғайридавлатие, ки мусалмононро муттаҳид мекунад, ҳузури мусалмонон дар Олимпиадаи зимистонаи олимпӣ-2022 дар Пекинро мамнӯъ донист. Ин Шӯро дар пойгоҳи хабарии худ инро ба "таъқиби мусалмонони ӯйғур дар Чин" рабт дод. Бо вуҷуди судури ин фатво, ҳанӯз ҳеҷ кишвари мусалмонӣ аз ҳузур дар ин бозиҳо худдорӣ накардааст.
Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ дар Пекин аз 4-ум то 20-уми феврали соли 2022 баргузор мешавад. Ба барномаи бозиҳо 7 намуди варзиш (15 равияи варзишӣ) ворид гардидааст. Дар мусобиқот аз рӯи барномаи бозиҳо иштироки беш аз 4000 варзишгар аз 95 кишвари дунё дар назар аст ва онҳо барои 109 маҷмӯи медалҳо мубориза хоҳанд бурд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар айни ҳол ду варзишгари тоҷик - Баҳриддин Ғоибов ва Саидашраф Эшонов - барои ба даст овардани роҳхат ба Олимпиадаи Пекин-2022 аз намуди лижаронии кӯҳӣ талош меварзанд.