Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Шаҳри бедарвоза”. Чаро дар Тоҷикистон дахлнопазирии манзил риоя намешавад?


Дарвозаи вуруд ба яке аз варзишгоҳҳои Душанбе
Дарвозаи вуруд ба яке аз варзишгоҳҳои Душанбе

“Ҳақ надошт, бе иҷозат ба хонаи мо зада дарояд!” Бо ин даъво як зани тоҷик мансабдореро ба додгоҳ кашонид.

Вале Додситонии шаҳри Турсунзода ин парвандаи нодир дар Тоҷикистонро ба охир нарасонда, қатъ кард. Дар ҳоле ки он пештар, дар моҳи ноябр, вайрон шудани дахлнопазирии манзили шаҳрвандро тасдиқ намуда, парванда боз карда буд.

“Сирри тафтишот”

Дар ин парвандаи ноком Ҷаҳонгир Равшанов, сардори Идораи хадамоти манзилию коммуналии шаҳри Турсунзода ва як зердасташ ба он муттаҳам мешуданд, ки ҳангоми "сарбозшикор" ба хонаи зане бе иҷоза ворид шудаанд. Зан гуфта буд, ки рӯзи 18-уми ноябр ин намояндагони давлат бе огоҳӣ вориди манзилаш шуда, фарзанди хурдсолашро тарсондаанд. Равшанов ворид шудан ба хонаи ин зан ба хотири ҷустуҷӯи як даъватшавандаро тасдиқ кард, вале гуфт, даҳонӣ иҷоза гирифта буданд.

Амирзода Давлаталӣ, додситони шаҳри Турсунзода бо далели “сирри тафтишот” қатъи парвандаро шарҳ надод. Як корманди дигари додситонӣ бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ба сабаби он ки “зан аз даъвояш даст кашид ва аризаашро пас гирифт, тафтиши парванда қатъ шуд”.

Ҳуқуқшиносон бар инанд, ки даст кашидани ҷабрдида аз даъвояш, агар ҳақиқат дошта бошад ҳам, ба додситон ҳаққи қатъи парвандаро намедиҳад. Дар ҳоли ба додгоҳ расиданаш ин парванда метавонист, намунаи ҳимояти қонун аз дахлнопазирии манзили шаҳрвандон шавад.

Ҷаҳонгир Равшанов, сардори Идораи хадамоти манзилию коммуналии шаҳри Турсунзода рӯзи 28-уми декабр аз шарҳи ин мавзӯъ ба Радиои Озодӣ худдорӣ кард. Аммо вай қаблан эътироф карда буд, ки “дар хонаи ин зан писари ҳамсояро ҷустуҷӯ кардааст, ки бояд ба артиш мерафт”.

Ҳашт ҳолати нақзи дахлнопазирии манзил

Ҳуқуқшиносон мегӯянд, дахлнопазирии манзил дар Тоҷикистон пайваста аз ҷониби мақомот нақз мешавад, вале боз шудани парванда нисбат ба як корманди идораи давлатӣ камсобиқа буд, ки он ҳам то додгоҳ нарасид.

Бе иҷозати соҳибхона ё додгоҳ ворид шудан ба хонаи мардум дар Тоҷикистон ҷиноят дониста мешавад, аммо маъмулан ин банди қонун хеле кам риоят мешавад.

Дилрабо Самадова, раҳбари созмони ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, ки ба сарбозон ва волидони онҳо кумаки ҳуқуқӣ мерасонад, мегӯяд, дар даъват ба артиш дахлнопазириии манзил дағалона вайрон мешавад. Ӯ гуфт, соли ҷорӣ аз ҳашт волидайни ҷавонони синни хизмати ҳарбӣ шикоят дарёфт карданд, ки мақомоти маҳаллӣ бе иҷозат вориди хона шуда, фарзандонашонро зӯран ба артиш бурдаанд. “Аз Ёвон шикоят буд, ки дари хонаашонро шикаста, фарзандашонро бурданд. Моликияташонро вайрон кардаанд ва дахлнопазириро вайрон кардаанд. Мо дар чанд ҳолат бо волидони ҷавонон ба мақомоти тафтишотӣ шикоят кардем, вале ҳеҷ парвандае барои вайрон шудани дахлнопазирии манзил боз нашуд. Дар аксар ҳолат додситонӣ бо ин гап, ки “далели қонеъкунанда вуҷуд надорад”, парванда боз намекунад”,--гуфт Дилрабо Самадова.

Ба гуфтаи ӯ, дар таҷрибаи беш аз даҳсолаи кориаш танҳо дар як ҳолат, ки кормандони комиссариати ҳарбӣ чанд нафари як хонаводаро даромада латукӯб карда буданд ва он ҳолат дар навор сабт шуда буд, парванда боз карда буданд.

​“Хонаи ман шаҳри бедарвоза аст?”

Абдусаттор Набиев, як сокини вилояти Хатлон аз ҷумлаи нафаронест, ки ба гуфтааш, имсол ду бор мақомот “дахлнопазирии манзил”-и ӯро вайрон карданд. Ӯ гуфт, як бор барои маросими издивоҷи духтараш ва бори дуюм барои бурдани писари бемораш ба артиш бе огоҳӣ дохили хонааш шудаанд. “Моҳи май туйи духтарам буд. Кормандони Бахши танзим зада даромаданд ва хонаҳоро тагу рӯ карда навор бардоштанд. Мо қонуни танзимро вайрон накарда будем, лекин дар пеши меҳмонон хуб нашуд. Мо ҳичӣ нагуфтем, лекин моҳи ноябр саҳари барвақт зада, омада писарамро аз ҷогаҳи хобаш бурданд. Аз ташхис нагузашт ва ӯро гардонанд, мо барои ин корашон шикоят кардем, лекин гуфтанд, "писаратонро набурданд, боз чӣ мехоҳед?". Охир ин Тоҷикистон шаҳри бедарвоза аст, ки касе хоҳад, зада хонаат медарояд?”,-- гуфт Абдусаттор Набиев.

Порлумони Тоҷикистон соли 2016 қонунеро қабул карда буд, ки ба ниҳодҳои амниятӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар ҳолатҳои истисноӣ ҳақ медод, ба хонаҳои шаҳрвандон бе иҷоза дароянд. Мақомот он замон гуфта буданд, дар баъзе маврид маҳз ҷараёни гирифтани иҷозатнома барои ворид шудан ба манзили гумонбар фурсати сари вақт боздошт шудани муттаҳамро аз байн мебарад. Порлумон пас аз як сол онро бекор кард, вале бо ин вуҷуд ба назар мерасад, ки бидуни ризоят мақомот вориди хонаи сокинон мешаванд.

Агар ҳодисаи террористӣ набошад...

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, нақзи дахлнопазирии манзил аз он далолат мекунад, ки мақомоти додситонӣ риоя шудан ё нашудани ин банди қонунро ҷиддӣ назорат намекунанд. “Бе иҷозати соҳибмулк ҳаққи ворид шуданро ба ягон макони зист, ба ғайри ҳолатҳои истисноӣ, ки дар манзил ҷинояти террористӣ содир мешавад, касе надорад. Макони зисти шаҳрванд дахлнопазир аст. Онро ҷойи ҷамъиятӣ гуфта намешавад, ки чунин амал кунанд”,-- гуфт ӯ.

Дахлнопазирии манзил дар моддаи 22-и Конститутсияи Тоҷикистон кафолат дода шудааст. Бар асоси моддаи 147-и Кодекси ҷиноятӣ барои беиҷозат ворид шудан ба хонаи сокин ҷарима (аз ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда) ва ё аз ду то панҷ сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Маъмулан, мисли ҳодисаи Турсунзода аксари чунин парвандаҳо то додгоҳ намерасанд.

XS
SM
MD
LG